ДАР МАСКАВ ЯК ЗАН ДАР ДОХИЛИ МОШИНИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК ТОЛИБ НАБИЕВ ТАВАЛЛУД КАРДААСТ (ВИДЕО)
Дар Маскав як зан дар роҳ ба таваллудхона дар дохили мошини такси таваллуд кардааст ва таксирони тоҷик Толиб Набиев ба ин зан ҳангоми таваллуди фарзандаш кумак расондааст.
Толиб Набиев ба нашрияи “Лента.Ру” нақл кардааст, ки шаби 7 августи соли 2024 аз назди истгоҳи метрои “Сходненская” фармоиш гирифт. Дар он ҷо ду мусоофир: як мард ва ҳамсари ҳомилааш, ки бояд ба таваллудхонаи №52 мерафтанд, ба мошини ӯ нишастанд. Шавҳар дар курсии пеш нишасту ҳамсараш дар курсии қафо. Аммо вақте ки то таваллудхона ҳамагӣ ягон 700 метри дигар монда буд, маълум шуд, ки кор аз кор гузаштаву занро дарди таваллуд домангир шудааст. Толиб Набиев аз зан пурсид, ки аҳволаш хуб аст? Хан гуфтааст, ки “мисле ки таваллуд карда истодаам”.
Бино ба нақли ронанда, зани ҳомила дар тан шими ҷинс дошт ва шавҳараш ба ӯ кумак кард, то шимашро бикашад. Баъди ин ҷараёни ҳаводис суръат гирифт ва алакай баъди муддати кӯтоҳе зан дар ними роҳ, вақте ки мошини такси мунтазири сабз шудани чароғаки раҳнамо буд, дар ҳамон чорроҳа фарзандашро ба дунё овард.
Толиб Набиев нақл кардааст, ки на ӯ ва на он зан дар ин ҳолат дасту по нахӯрданд. Ронанда аз зан пурсидааст, ки ҳамин ҷо мунтазири мошини “Ёрии таъҷилӣ” биистанд ваё ба таваллудхона бираванд? Зан гуфтааст, ки ӯро ба таваллудхона баранд.
Онҳо ба таваллудхона расиданд ва ронанда ҳамроҳи шавҳари он зан ба қабулгоҳ шитофтаанд, то ки табибонро даъват кунанд. Ронанда баъди чанд лаҳза ба пеши мошинаш баргаштааст, то ки зану кӯдаки навзодаш танҳо намонанд.
Толиб Набиев мегӯяд: “Ман дар он ҳолат дасту по нахӯрдам Ба он зан ҳам гуфтам, ки барои курсии мошини ман ягон парво накунад, мешӯямаш. Пурсидам, ки бача таваллуд кардааст ё духтар? Ӯ тифлашро диду гуфт, ки бача. Ягон 6 дақиқа гузашт, вале ҳеҷ не, ки табибон ба пеши мо биоянд. Ман ба қабулгоҳ баргашта, каме доду фарёд бардоштам. Гуфтам, дохили мошин тоза нест, онҷо кӯдаки навзода дар дасти модараш аст, атрофи онҳо пур аз инфексия метавонад бошад. Сипас ҳамшираҳои тиббӣ бо занбар берун омаданд ва нофи кӯдакро дар ҳамон ҷо, дар дохили мошини ман буриданд…”
Ронандаи такси ҳамчунин нақл кард, ки ин ҳама талотуми ҳодисот шавҳари он занро ба ҳолати шок андохта буд. Толиб Набиев мегӯяд: “Вақте ки пули роҳро медод, дастонаш чунон меларзид, ки як бор ҳамён аз дасташ афтод ва як бори дигар пулҳояш. Ман ба вай гуфтам, ки дасту по нахӯрда, худро ба даст бигирад. Хабараш додам, ки стоҳиби писар шудааст. Маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз хабар надоштааст аз ин. Ман муборакбодаш гуфтам”.
Толиб Набиев баъди ин ба хадамоти ширкати “Яндекс Такси” дар бораи ин ҳодиса хабар дода, мошинашро ба нуқтаи шустушӯи мошинҳо бурдааст. Толиб Набиев мегӯяд, ин ҳодисаи ғайриоддӣ, ки ба сари ӯ омад, метавонад барои ронандагони дигар ҳамчун намунаи рафтор дар чунин ҳолатҳо хидмат кунад.
Манбаъ: “Лента.Ру”