ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсонҶанг дар Украина

ДАР БА ДАР ДАР АВРУПО: САРГАРДОНИҲОИ ХОҲАРОН НИГОРА ВА СИТОРАМОҲ

Нашрияи интернетии The Insider ва нашрияи лаҳистонии Polityka рӯзи 14 августи соли 2024 хабар доданд, ки  Ситорамоҳ Иброҳимова, як зани паноҳҷӯи модари 4 фарзанд аз Тоҷикистон  дар маҳбаси депортатсионии Белгия қарор дорад ва мақомоти ин кишвари Аврупо бояд ба зудӣ масъалаи ихроҷ ё истирдоди ин зан ба Тоҷикистонро ҳал кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва худи Иброҳимова аз он тарс доранд, ки ӯро дар Тоҷикистон шиканҷа ва ҳукми зиндон мунтазир аст.

Мақомоти Тоҷикистон Ситорамоҳ Иброҳимоваву хоҳари ӯ Нигора Саидова ва шавҳарони онҳоро ба зархаридӣ ва узвият дар созмони террористии ДОИШ айбдор мекунанд.

Муродалӣ Ҳалимов, шавҳари Ситорамоҳро ҳанӯз соли 2018 аз Украина ба Тоҷикистон бурда, ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.

Нигора Саидоваро дар поёни соли 2022 ҳамроҳи тифли навзодаш аз Полша (Лаҳистон) ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар онҳо ӯ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Полша  моҳи апрели соли 2024 шавҳари Нигора Саидова Усмон Шамсовро низ ба Тоҷикистон фиристоданд. Ду  фарзанди онҳо дар дасти Ситорамоҳ Иброҳимова монд ва ин зани феълан зиндонӣ амалан саробонии 6 кӯдак – 4 тифли худаш ва 2 духтари хоҳарашро бар уҳда дорад.

Бар асоси маводи парвандаи Ситорамоҳ Иброҳимова, ки The Insider и Polityka, Иброҳимова— он вақт модари 3 фарзанди хурдсоли солҳои таваллудашон 2011, 2012 ва 2015 — дар соли 2016 ҳамроҳи кӯдаконаш ба Туркия рафтааст то ки ба саффи ҷангҷӯёни ДОИШ бипайвандад. Бино ба фарзияи мақомоти Тоҷикистон, Ситорамоҳ Иброҳимова дар урдугоҳи ҷангҷӯён таълим гирифта, сипас  дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия иштирок кардааст.

Худи Ситорамоҳ Иброҳимова инро рад мекунад. Бино ба нақли Ситорамоҳ, ӯ моҳи феврали соли 2016 ба Туркия ба назди шавҳараш омад, вале баъди ҳамагӣ 4 моҳ дар инҷо танҳо монд. Шавҳари ӯ Муродалӣ Ҳалимовро, ки ба Украина рафта буд, рӯзи 28 июни соли 2016, баробари расиданаш дар фурудгоҳи Харков дастгир карданд. Маълум шуд, ки ӯ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст. Ҳалимов як солро дар маҳбас сипарӣ кард, вале сипас озод шуд ва дар Украина мон. 12 январи соли 2018 Ситорамоҳ Иброҳимова ҳамроҳи кӯдаконаш ва хоҳараш Нигора Саидова ба Украина омаданд.

Вале ҳамон соли 2018 ба мақомоти Тоҷикистон билохира муяссар шуд, ки ба истирдоди Муродалӣ Ҳалимов аз Украина ноил шаванд.

Ситорамоҳ Иброҳимова, вақте ки аз Белгия дархости паноҳандагӣ мекард, ҳаводиси ба сари оилааш омадаро чунин қисса карда буд:  “Шавҳари маро соли 2018 дар Украина дар пеши хонаамон, дар пеши чашми писари калониам Муҳаммад дастгир карданд. Ӯро ба Тоҷикистон бурда, бидуни мурофиаи одилона, бидуни ягон баёноту ягон далел ба 23 соли зиндон машкум карданд. Ман ҳоло намедонам, ки ӯ дар куҷост? Ман ҳам дар рӯйхатти сиёҳ қарор дорам ва агар ба онҷо биафтам, аз шиканҷа метарсам. Ман метарсам, ки ба онҷо баргардам. Ман мехоҳам таҳсил ва кор кунам. Ман ҳоло нигоҳубини 6 кӯдакро бар уҳда дорам”.

Саргардониҳои ин ду хоҳар дар Аврупо дар поёни моҳи феврали соли 2022, вақте сар шуд, ки дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, аз ин кишвар садҳо ҳазор гуреза ба Авруро паноҳ оварданд. Дар байни онҳо ҳазорон нафар аз зодагони Тоҷикистон, ки он вақт дар Украина қарор доштанд, низ буданд. Мақомоти амниятии Аврупо нигаронанд, ки дар зери ҷомаи гурезаҳо даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни ДОИШ низ талош карданд, то ба Аврупо роҳ биёбанд. Ин ҷангҷӯён баъди торумори ДОИШ дар Ховари Миёна ба далели бо кишварҳои собиқ СССР то ҳол виза надоштани Украина дар ин кишвар паноҳ бурда буданд.

Нигора Саидова дар Полша (Лаҳистон) азоби ҳам боздоштгоҳу ҳам зиндон, ҳам бемористони зиндон ва ҳам урдугоҳи паноҳҷӯёнро кашид ва дар маҳбас ҳатто таваллуд ҳам кард.

Ӯро, ки ҳамроҳи шавҳараш Усмон Шамсов, хоҳараш Ситорамоҳ Иброҳимова ва кӯдаконашон марзро мегузаштанд, 28 феврали соли 2022 дар гузаргоҳи Медика дар марзи Полша бо Украина дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми зархаридӣ ба Интерпол додаанд. Нигора Саидоваро, ки дар қадаш ҳафтмоҳа ҳомила буд, аз шавҳару ду кӯдаки хурдсолаш ҷудо карданд ва паси панҷара андохтанд.

Хоҳари ӯ Ситорамоҳ Иброҳимова низ дар рӯйхатти Интерпол буд, вале марзбонҳои Полша ҳангоми бо ҳарфҳои лотинӣ навиштани ному насаби ӯ ба ду хатои имлоӣ роҳ доданд ва номи Ситорамоҳ дар рӯйхатти Интерпол набаромад.

Шавҳари Нигора Усмон Шамсов бошад аз тарси он ки ба Тоҷикистонаш насупоранд, бо ҳуҷҷати ронандагии қалбакӣ ба номи Усмон Алиев тавонист вориди Полша шавад, вале баъди муддати кӯтоҳе ӯро ҳам дастгир карданд. Шамсов ду солро дар маҳбаси Полша ба сар бурд ва моҳи апрели соли 2024 ӯро билохира ба Тоҷикистон фиристоданд.

Нигора Саидова, бино ба маводи парвандааш, гӯё 23 марти соли 2018 аз Душанбе ба Истанбул парвоз карда, аз онҷо бо машварати хоҳараш ба Сурия рафтааст ва дар ин кишвари ҷангзада бо як ҷангҷӯи ДОИШ издивоҷ кардааст. Аммо ҳарду хоҳар исрор меварзанд, ки аз 12 январи соли 2018 дар Украина қарор доштанд, ки инро муҳри марзбонони украинӣ дар шиносномаҳои онҳо метавонад собит кунад.  Нигора Саидова мегуфт, ӯ ба ҳеҷ сурат наметавонист дар Сурия ба ҷангҷӯи ДОИШ ба шавҳар барояд, чунки 6 апрели соли 2018 дар Киев бо ронандаи такси Усмон Шамсов никоҳи мусулмонӣ барпо кард ва дар ин бора аз масҷиди Киев санади расмӣ дорад. Шамсов ҳам иддао дошт, ки аз соли 2016 дар Украина ба сар мебурд ва аз онҷо моҳи феврали соли 2022, ҳамроҳи зану кӯдаконаш баъди сар шудани ҷанг фирор кард.

Журналистон ба фарзияи  соли 2018 ба Сурия рафтани Нигора Саидова шубҳа кардаанд, чунки он вақт ДОИШ тақрибан торумор шуда буд ва танҳо ду минтақаи хурдеро дар ҷануби Сурия, дар фосилаи хеле дур аз марзи Туркия дар даст дошт. Ва Нигора Саидова барои расидан ба ин минтақаҳои таҳти назорати ДОИШ бояд роҳи тӯлониро тавассути минтақаҳое, ки алакай дар дасти нирӯҳои бо ДОИШ душман қарор доштанд, мегузашт, ки тақрибан ғайримумкин буд.

26 апрели соли 2022 Нигора Саидова дар бемористони маҳбаси Полша духтараш Робияро ба дунё овард. Баъди таваллуди фарзандаш ӯро аз маҳбас ба урдугоҳи паноҳҷӯён интиқол доданд, вале хадамоти марзбонии Полша тасмим гирифт, ки ин занро ихроҷ кунад. Ба фарқ аз истирдод, барои ихроҷи паноҳҷӯён дар Полша ва бисёре аз дигар кишварҳои Аврупо ҳукми додгоҳ шарт нест, чунки чунин парвандаҳо парвандаҳои маъмурӣ ҳисоб мешаванд.

Барои ихроҷи Нигора Саидова чанд далел оварда шуд, аз ҷумла визаи Полша ва манбаи таъмини зиндагӣ дар ин кишварро надоштанаш ва ҳамҷунин эҳтимоли таҳдидаш ба амнияти миллии Полша. Дар нигоҳ, 19 октябр и соли 2022 Нигора Саидова ва духтараш Робияро, ки он вақт алакай ҳафтмоҳа шуда буд, аз Полша ихроҷ кардаанд. Дар Тоҷикистон Саидоваро дастгир ва ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ ҳоло дар маҳбаси Норак, ягона маҳбаси занонаи ҷумҳурӣ адои ҳукм мекунад. Дар бораи сарнавишти Робия маълумоте дар даст нест.

Робитаҳои эҳтимолии паноҳҷӯёни зодаи Тоҷикистон бо созмонҳои террористӣ сабаби таваҷҷуҳи хоси мақомоти амниятии кишварҳои зиёди дунё нисбат ба онҳо шудааст. Танҳо дар ду соли охир мақомоти Полша дархости паноҳандагии қариб 200 паноҳҷӯи тоҷикро рад кардаанд: Соли 2022 ин кишвар ба 80 паноҳҷӯ аз Тоҷикистон ҷавоби рад додааст ва соли 2023– ба 115 паноҳҷӯи тоҷик.

https://theins.ru/obshestvo/273814

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button