ЧОР ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ТЕҲРОН БАРОИ ПУЛ ГАРАВГОН ГИРИФТАНД

Як гуруҳи қочоқбарони инсон дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон 4 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд, то ки аз наздикони онҳо пули калон талаб кунанд. Аммо ба пулиси Теҳрон муяссар шудааст, ки шоми чоршанбе дар натиҷаи як амалиёти вижа ду тан аз қочоқбарон кушта, 5 тани дигари онҳоро боздошт ва ҳамаи 4 гаравгони тоҷикро аз дасти онҳо озод кунад.
ВКД Тоҷикистон шоми 15 август бо нашри як баёния аз асорат дар Теҳрон халос шудани 4 шаҳрванди тоҷикро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо “дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар озод карда шуданд”. ВКД исми ин 4 гаравгонро низ нашр кард.
ВКД дар баёнияаш дар ин робита гуфт: “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Абдураҳмонов Х.Х.,
- Бозоров А.А.,
- Назаров Ҳ.А. ва
- Ғайратзода А.Н., ки бо баҳонаи дастрас намудани раводиди Амрико бо роҳҳои қаллобии интернетӣ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда шуда, дар шаҳри Теҳрон бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба гарав гирифта шуда буданд, дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар озод карда шуда, ҷинояткорон дастгир карда шуданд”.
Дар ин робита, ВКД Тоҷикистон бо ишора ба ин ки ин 4 нафар тавассути Интернет ба доми қочоқбарон афтодаанд, аз шаҳрвандон хост, то ки “ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми чунин гуруҳҳои ҷиноятӣ наафтида, ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо вобаста ба гирифтани раводид ҷиҳати сафар намудан ба кишварҳои хориҷӣ бовар накунанд”.
ВКД ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 15 август вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён мулоқот дошт ва ҷонибҳо дар ин дидор “масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, таъмини амният ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ кардаанд”. Дар хабар дар бораи рабт доштан ё надоштани ин мулоқот бо хабари озод кардани 4 гаравгони тоҷик дар Теҳрон чизе гуфта нашудааст.
Қаблан генерал Алӣ Валипур Гударзӣ (ДАР АКС), раҳбари бахши тафтишоти пулиси Теҳрон гуфт, ба мақомоти Ҷумҳурии исломӣ муяссар шуд, ки як гуруҳи қочоқбари инсонро аз байн бурда, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро аз дасти онҳо озод кунанд.
Ӯ дар бораи кай ба Теҳрон омадани ин 4 нафар тафсилот надод ва танҳо гуфт, ки онҳо бо роҳи қонунӣ вориди қаламрави Эрон шуда буданд, вале қасд доштанд, ки бо кумаки як гуруҳи қочоқбар сафари худро ба Аврупо ва аз онҷо ба Амрико идома диҳанд.
Вақтҳои охир бо афзоиши шумораи талабгони муҳоҷират ба Амрико, аз ҷумла аз Тоҷикистон, деги қочоқбароне, ки бо ваъдаи бо роҳҳои қочоқӣ то ба Амрико расондани талабгорони сафар маблағҳои бузург талаб мекунанд, сахт тасфидааст.
Аммо 4 нафаре, ки бо мақсади сафар ба Амрико ба Теҳрон омаданд, ба доми фиреб афтода будаанд. Қочоқбарон ба ҷои иҷрои ваъдаи худ ин 4 нафарро гаравгон гирифта, аз наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар ивази раҳоияшон пул талаб кардаанд.
Генерал Гударзӣ дар шарҳи амалиёти зидди қочоқбарон гуфт: “Пулис макони гаравгонгирҳо ва афроди рабудашударо шоми чоршанбе, 14 август, тақрибан соати 19:00 (20:30 ба вақти Душанбе) дар ҷараёни як амалиёти ногаҳонӣ муайян кард. Дар ҷараёни амалиёт ҳамаи 4 гаравгон бидуни ягон осеб ва солим озод карда шуда, 5 қочоқбар дастгир карда шуданд”.
Матбуоти Эрон хабар дод, ки ду тан аз қочоқбарон дар ҷараёни амалиёти пулис кушта шудаанд.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки аз 10 август Эрону Тоҷикистон низоми раводидро аз байн бардоштанд, вале феълан танҳо барои мусофирони парвозҳои мустақими байни Теҳрону Душанбе.
