ЧАНД ХУЛОСА АЗ СЕ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС 2024

Олим Сафолов
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
ЧАНД ХУЛОСА АЗ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС 2024
ХУЛОСАИ 1
Дар давоми 33 соли истиқлолият Тоҷикистон аз олимпиадаҳо ҳамагӣ чор медал ба даст оварда буд. Аммо дар олимпиадаи охир яке якбора се медал ба даст овард, ки ин дар муқоиса ба олимпиадаҳои пешин хело хуб аст. Фикр мекунам ин натиҷаи гузаронидани чанд чорабиниҳои калони варзишӣ ва то андозае диққат додан ба ин самт буд.
ХУЛОСАИ 2
Аммо, агар мо ба натиҷаи ҳамсоякишварҳои худ назар андозем, дар нисбати эшон хеле қафомондаем. Биёед мо худро ба Узбекистон, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузошта, дар қатори 13 давлати аз ҷиҳати варзиш пешрафтаи дунё шомил шуд, муқоиса накунему бо Қирғизистон, ки дар оғози истиқлолият қариб, ки бо мо ҳамранг буд, муқоиса намоем. Эшон дар 33 соли истиқлолият ҳамагӣ 8 медал доштанд. Аммо дар олимпиадаи охир яке якбора 6 медал ба даст оварданд. Ин дар ҳолест, ки дар олимпиадаи чор сол қабл дар Токио онҳо 3 медал ба даст оварда буданд. Яъне дар олимпиадаи гузашта се медал ва дар олимпиадаи имсола шаш медал. Ба андозаи дусад фоиз зиёдшавӣ. Ин нишонаи он аст, ки дар ин самт дар Қирғизистон диққати махсус дода мешавад ва аз олимпиада то олимпиада дар ин кишвар варзиш рушд мекунад.
ХУЛОСАИ 3
Барои боз ҳам зиёдтар дарк намудани масъалаи мазкур ба медалҳои кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон, Эрон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Муғулистон назар андохтам. Тамоми медалҳои ин давлатҳо аз панҷ навъанд:
1. Бокс;
2. Дзюдо;
3. Гуштини тарзи озод;
4. Тхэквандо;
5. Варзиши вазнин.
Ман чунин хулоса баровардам, ки кишвари мо низ агар ин панҷ намудро хубтару бештар диққат диҳад, аз ҳамин намудҳо мо медалдони кишварамонро бо медал пур мекунем.
ХУЛОСАИ 4
Солҳои охир дар кишвар ба дзюдо диққати хуб дода шуда истодааст. Аммо бо як дзюдо намешавад. Қирғизистон дар олимпиадаи охир танҳо аз гуштини озод 5 медал ба даст овард, ки ду тои онро занони паҳлавони қирғиз ба даст оварданд. Муҳорибаи бону Айсулуу Тыныбековаро, ки ба таври ҳайратангез дар охирин лаҳзаҳо ғолиб омад, хело диданӣ буд ва аз ёди банда нахоҳад рафт. Ман фикр мекунам, аз дзюдо дида гуштини озод шавқовартар аст. Бояд ба гуштини озод диққати махсус дода шуда, чорабиниҳои калони варзишӣ дар ин самт гузаронида шавад. Эрони ҳамзабонамон, ки бо 12 медал зинаи 21 умро ишғол намуд, тамоми медалҳояш аз гуштини озод ва тхэквандо ҳастанд.
ХУЛОСАИ 5
Дар нисбати дигар давлатҳо варзишгарзанҳои мо хело каманд. Бояд занону духтаронро бештар ба варзиш ҷалб намуд. Ҷавондухтарони мо бояд идеалашон Диёра Келдиерова барин қаҳрамондухтарон бошад, на он духтароне, ки лабонашонро ва дигар ҷояшонро ба таври сунъӣ калон намуда, аксҳои нимурёни худро дар сайтҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд. Бовар дорам, гурдофаридҳо дар байни занону духтарони мо зиёд аст. Фақат эшонро ба варзиш ҷалб намудан лозим.
ХУЛОСАИ 6
Бояд он варзишгароне, ки аз чорабиниҳои калони варзишӣ бо медал бармегарданд ва ё ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, бештару беҳтар қадрдонӣ намуд. Барои мисол, мана ҳамин Айсулуу Тыныбековаи қирғиз ҳар моҳе аз буҷаи давлат 60 ҳазор сом идрорпулӣ мегирад, ки ин баробар ба 700 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои панҷумро дар олимпиадаи 2016 ишғол намудан ба ӯ як миллион сом дода шуда буд. Бояд мо низ танҳо барои медал қадрдонӣ нанамоем, балки барои ҷойҳои чоруму панҷуму шашум ҳам варзишгаронро қадрдонӣ кунем.
ХУЛОСАИ 7
Медалдони ҳар як давлат нишони пешрафту субот ва рушди он кишвар ва солимии он ҷомеа аст. Агар медал зиёд бошад, кишварро рушдкарда меҳисобанд, агар кам нишон аз қафомонии ҷомеа ва кишвар аст. Медали зиёди олимпӣ ҷои фахру ғурури ҳам шаҳрвандону ҳам давлатдорони ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Бояд ин чизро нодида нагирифт ва ба он диққат дод.
Дар 9 олимпиадаи даврони соҳибистиқлолӣ мо ҳамагӣ 7 медал ба даст овардаем, ки ин барои як кишвари даҳ миллионнафара хело кам аст. Ман бовар дорам, агар дар ин самт маблағгузорӣ зиёд шуда, ташвиқоту тарғибот боло равад, шумораи медалҳои олимпии мо дар ҳар як олимпиада зиёд шудан мегирад.

