ВидеоСиёсатТоҷикистон

ҶУНБИШИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ ГАДОЕВ АЗ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ КАБИРӢ ХОРИҶ ШУД

Ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, раҳбараш Шарофиддин Гадоев, шаби 13 августи соли 2024, бо анҷоми 72 соат зарбулаҷал, яъне ултиматуми ба раҳбарони Паймони миллӣ гузоштааш эълон кард, ки аз саффи ин эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик мебарояд. Ин созмон шаби 10 август эълон карда буд, ки агар Паймони миллӣ шартҳояшоро напазирафт, саффи онро тарк мекунад.

Ин тасмим дар ҳоле эълон шуд, ки бахши иттилооти Паймони миллӣ як рӯз қабл, рӯзи 12 август дар як баёнияи кӯтоҳ аз қарори Шӯрои муассисонаш хабар дод, ки ултиматуми Гадоевро рад кардаанд.Дар ин баёния бо эълони ин ки “масъалаи хориҷ кардани Шарофиддин Гадоев аз ҳайати Шӯрои ПМТ мавзӯи ҳал шуда буда ба бознигарӣ ниёз надорад” ба аъзои Паймони миллӣ ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки “дар ин қазия ба фитна дода нашаванд ва аз баҳсҳои эҳсосотӣ худдорӣ кунанд”.

Ба дунбол, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд эълон кард, ки шӯрои сиёсиаш тасмим гирифтааст, ки аз ҳайъати Паймони миллӣ хориҷ шавад.

Ба ақидаи ҷунбиши Гадоев, “дар тӯли шаш соли фаъолияти худ Паймони миллии Тоҷикистон ба ҳеч як аз ҳадафҳои пешбинишудаи худ нарасидааст. Баръакс, таҳти роҳбарии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар дохили Паймони миллӣ  шахсиятпарастӣ эҷод шудааст, ки дар натиҷа 75 фоизи аъзои Шӯрои сиёсии Паймонро ҳоло аъзои ин ҳизб ташкил медиҳанд. Ин вазъият боиси вайроншавии тавозун шуда, ҳамаи қарорҳо ба нафъи раиси Ҳизби наҳзат қабул мегарданд, ки ин принсипҳои демократияро нақз мекунад ва ба ташкили диктатура дар дохили Паймон мусоидат менамояд”.

Ҷунбиши ислоҳот, ҳамин тавр, Кабириро ба он айбдор мекунад, ки 6 сол боз курсии раҳбари Паймонро “бидуни танаффус” дар даст дорад ва “ба таври мақсаднок шароите эҷод кардааст, ки ба ӯ имконият медиҳад бидуни тағйир ва ба таври доимӣ дар мансаби худ боқӣ монад, айнан тавре ки диктаторон амал мекунанд”.

Дар Ҷунбиши ислоҳот ёдовар шудаанд, ки вақте ки Шарофиддин Гадоев хостори истеъфои Муҳиддин Кабирӣ аз мансаби роҳбари Паймон “ба сабаби нотавонии ӯ дар идораи паймон” шуд, аъзои шӯро ба ҷонибдории Кабирӣ бархоста, ба ҷои баррасии масъалаи ислоҳот ва ҷустуҷӯи як номзади муносиб барои роҳбари нави Паймони миллӣ, ба Гадоев ҳамла карданд ва ӯро дар таҳрик ва хиёнат муттаҳам карда, “ҳатто ба таҳқир низ даст заданд”.

“Ин рафтор дар дохили ташаккуле чун ПМТ ба як амри маъмул табдил ёфтааст: ҳар касе, ки Муҳиддин Кабириро танқид кунад ё бо ӯ мухолифат кунад, аз ҷониби баъзе аъзои Ҳизби наҳзат мавриди ҳамла қарор мегирад. Албатта ин иттиҳомот ва хушунатҳо танҳо нотавонӣ ва таҳаммул надоштани онҳо дар баробари танқидро нишон медиҳад”, – зикр кардааст Ҷунбиши ислоҳот ва афзудааст, ки “эътилофе, ки бояд рамзи ваҳдат ва демократия мебуд, ба абзори қудрати шахсии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби таҳти контроли ӯ табдил ёфтааст ва муборизаи сиёсиро ба шахсиятпарастӣ ва саркӯби мухолифин иваз кардааст”.

Тарафдорони Гадоев гуфтаанд, иштирок дар чунин эътилоро барои Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ғайримумкин мешуморанд, зеро ин мухолиф ба ҳадафи ин Ҷунбиш аст.

Паймони миллӣ соли 2018 дар Варшава таъсис ёфта, ҳизби низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар бар мегирифт. Фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон алакай соли 2019 аз ҷониби Додгоҳи миллии Тоҷикистон  дар ин ҷумҳурӣ манъ гардида, Паймон ба рӯйхатти созмонҳои ифротӣ шомил карда шуд.

Дар рӯзҳои охир дар раҳбарияти гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо якбора ду моҷаро бархост. Рӯзи 11 август “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ, эълон кард, ки сухангӯяш Убайдулло Носиров, маъруф ба Убайдулло Саидиро ба далели “пойбанд набуданаш ба Оинномаи ҳаракат” аз саффи худ хориҷ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button