ЯК НОБОЛИҒ ДАР СИРДАРЁ ВА ЯК МАРД ДАР ДАРЁИ ВАХШ ҒАРҚ ШУДААНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13 августи соли 2024 дар дарёҳои ҷумҳурӣ боз ду ҳолати ғарқшавии шаҳрвандон сабт шудааст. Дар як ҳолат навраси 15-сола дар шаҳри Хуҷанд дар Сирдарё ва дар мавриди дуюм марди 34-сола дар ноҳияи Ҷомӣ дар дарёи Вахш ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 13 августи соли 2024 як сокини 15-солаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуд ва ҷон бохт.
Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расида, бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ҷасади ноболиғро алакай баъди ним соат пайдо карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳодисаи дуюм дар ҷануби кишвар рух дод. Як сокини 34-солаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Ҷомӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ин мард то фаро расидани торикӣ дар рӯзи 13-уми август идома дошт, аммо бенатиҷа анҷом ёфт. Аз субҳи 14-уми август ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда аз сар гирифта шуд,
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, аксари ҳодисаҳои ғарқ шудан дар обҳо ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд. Кумита аз шаҳрвандон бори дигар хост, ки қоидаҳои бехатариро дар соҳили дарёҳо ва ҳангоми оббозӣ ҷиддан риоя карда, ҷони худро ба хатар наандозанд.
Дар ҳамин ҳол, дастаи махсуси наҷотдиҳандагони водии Зарафшон дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 11 августи соли 2024, тахминан соатҳои 12:40, хабар расид, ки дар соҳили дарёи Зарафшон дар ҳудуди Панҷакент як ҷасад пайдо гардидааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса рафта, ҷасадро аз об бароварданд ва ба мақомот супурданд.
Баъдан маълум шуд, ки марди ғарқшуда шаҳрванд Мусулмонов Мусулмон Сироҷиддинович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Сангистони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ мебошад. Мусулмонов санаи 8-уми август аз хона баромада, бедарак гашта буд ва ниҳоят баъди 3 рӯз муайян шуд, ки ӯ ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст.
Соли 2023 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумоа 87 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд. Имсол, бо вуҷуди онки мавсими оббозӣ ҳанӯз идома дорад, дар бораи ғарқ шудани тақрибан 140 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Беш аз нисфи ин ғарқшудагонро низ кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Қоидаҳои бехатарӣ дар соҳили дарё ва ҳангоми оббозирро муфассал аз ин ҷо метавонед бихонед:
- ЧӢ БОЯД КАРД ҲАМ ОББОЗӢ КУНЕМ ВА ҲАМ ҒАРҚ НАШАВЕМ? ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ ДАР МАВСИМИ ОББОЗӢ. БАХШИ 1
- ЧӢ БОЯД КАРД ҲАМ ОББОЗӢ КУНЕМ ВА ҲАМ ҒАРҚ НАШАВЕМ? БАХШИ 2. КАШИШИ РАГҲО ДАР ОБ. ЧАНД МАСЛИҲАТ