
Субҳи 14 августи соли 2024 аъзои тими миллии Тоҷикистонро, ки бо хатсайри Порис – Тошканд – Душанбе ба Ватан баргаштанд, дар фурудгоҳи Душанбе мақомоти расмӣ ва издиҳоми бузурги мухлисон ботантана пешвоз гирифтанд. Тими Тоҷикистон имсол дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал дар таърихаш 3 медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар маросими истиқболи варзишгарон аз ҷумла ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, раиси Федератсияи гуштини ҷудо ё дзюдои Тоҷикистон Исмоили Муҳаммадзоир, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва шаҳрдории Душанбе ва дигар шахсони расмӣ дида мешуданд.
Тими олимпии Тоҷикистонро барои идомаи маросими истиқбол аз фурудгоҳ ба майдони Дӯстӣ дар маркази пойтахт бурданд. Истиқболи гарм аз варзишгарон шоми 14 август бо як маросими дигар бо консерти ситораҳои ҳунар дар Амфитеатри Душанбе идома меёбад.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024, ки дар Порис, пойтахти Фаронса аз 26 июл то 11 август идома дошт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ ба даст овард. Ду медалро дар риштаи гуштини ҷудо (дзюдо) Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид. 11 узви дигари тими олимпии Тоҷикистон, мутаассифона, аз Порис бе медал баргаштанд.
Тибқи ваъдаи мақомот, барандагони медалҳои биринҷии олимпӣ ҳар кадом бо 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза аз номи президенти Тоҷикистон сарфароз гардонда шуда, ҳамчунин барандагони медалҳои биринҷӣ аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии якҳуҷрагӣ қадрдонӣ шуданд. Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки иловатан ба ҳарсе варзишгари барандаи медалҳои олимпӣ электромобил туҳфа кардаанд.
Рӯзи 14 август аъзои тими олимпиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Ӯ гуфт, “дар байни 206 давлати дунё сазовори медал гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург, омили муҳими муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони тоҷик ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон Давлат Болтаев, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва ҳамчунин Исмоили Маҳмадзоир, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро бо орденҳои “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонид. Гуфта мешавад, ки онҳо “барои саҳми арзанда дар рушди варзиш ва дастоварди баланд дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024” сазовори ин мукофоти баланд шудаанд.
Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш дар як Олимпиада сазовори 3 медал шуд. Бархе мухлисон аз ин дастовард ситоиш мекунанд ва мегӯянд, Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш ба чунин комёбӣ даст ёфтааст. Вале мунтақидон мегӯянд, ин дар муқоиса бо натиҷаи Ӯзбекистон, ки аз Олимпиадаи Порис бо 10 медал, аз ҷумла бо 6 медали тилло бармегардад, хеле кам аст.
Варзишгарони Тоҷикистон дар умум аз соли 1972 то соли 2024 дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ 13 медал: 5 тилло, як нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст овардаанд:
Медалҳои тилло:
Юрий Лобанов (соли 1972, Олимпиадаи Мюнхени Олмон, каноэи дукаса)
Анатолий Старостин (соли 1980, Олимпиадаи Москваи СССР – 2 медали тилло, панҷҳарбаи муосир – дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаӣ),
- Андрей Абдувалиев (соли 1992, Барселонаи Испания – гурзандозӣ)
- Дилшод Назаров (соли 2016, Олимпиадаи Рио-Де-Жанейрои Бразилия – гурзандозӣ) марбут аст.
Медали нуқра:
- Юсуф Абдусаломов (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин аз куштии озод)
Медалҳои биринҷӣ:
Зебуннисо Рустамова (соли 1976, Олимпиадаи Монреали Канада – камонварӣ)
Юрий Лобанов (соли 1980, Олимпиадаи Москваи Иттиҳоди Шӯравӣ – қаиқронӣ дар каноэи дукаса).
Расул Боқиев (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин – ҷудо)
Мавзуна Чориева (соли 2012, Олимпиадаи Лондони Англия – бокси занон)
Сомон Маҳмадбеков ( соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса- ҷудо)
Темур Раҳимов (соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса – ҷудо)
Давлат Болтаев (соли 2024, Олимпиадаи Порис Фаронса- бокс)



