БОЗДОШТИ ЗАНИ ФАРРОШ БАРОИ ДУЗДИИ 30 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ХАЗИНАИ КОРХОНА (АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 14 августи соли 2024 хабар дод, ки як ҷавонзани 30-сола, фарроши маркази бозиҳои компютерӣ дар кӯчаи Бухорои пойтахт бо гумони дуздии 30 ҳазор сомонӣ (тақрибан 2700 доллар) аз хазинаи ин корхона дастгир карда шудааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, ба шуъбаи якуми милитсия (ШВКД-1)-и ноҳияи Шоҳмансур бо ариза Шокиров Т., сокини 25-солаи шаҳри Душанбе дар ин хусус муроҷиат намудааст, ки 29-уми июли соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе даромада, аз хазинаи ин муассиса 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Шоймардонова М. сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, фарроши корхонаи мазкур содир намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. Худи ин ҷавонзани боздоштшуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Милитсияи пойтахт гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, бино ба охирин омори ВКД, аз 11 ҳазору 804 ҷинояти дар нимаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ сабтшуда 2036 ҷиноят дуздӣ будааст. Яъне аз ин омор бармеояд, ки ҳар ҷинояти шашум, ё 17,2 фоиз аз ҷамъи ҷиноятҳои соли ҷориро дуздиҳо ташкил додаанд.
Ҳамин тавр, бар асоси омори ВКД, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.
Аммо омори расмӣ боз ҳам ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.
Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Аммо бо ҷурми дуздӣ дар Тоҷикистон аксаран мардон ба даст меафтанд. Даст ба дуздӣ задани занону духтарон дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, чунки дар ҷомиа дуздӣ кардани зан як амали нангин ба шумор рафта, ӯву хонаводаашро дучори шармсорӣ ва бадномӣ мекунад.