БОЗДОШТИ ЗАНИ ДАЛЛА (“МАМА РОЗА”) ДАР ҒАФУРОВ ВА ҶАВОНЗАНИ МОШИНДУЗД ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 августи соли 2024
Боздошти зани 42-сола барои ташкили фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 11-уми августи соли 2024 дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсии байни ҷавони 21 ва зани 27-солаи сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани ду ҳолати ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

Ба ШВКД дар шаҳри Норак аризаи ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 12 ба 13-уми августи соли 2024 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар кӯчаи А.Рӯдакии шаҳри Норак беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 31-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ворид гардидааст, ки субҳи барвақти 13-уми августи соли 2024, тахминан соати 05:30, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “КИА-РИО”-ро, ки дар назди Маркази савдои “Содот”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.