4 КУШТА ДАР 4 САДАМАИ РӮЗҲОИ 11 ВА 12 АВГУСТ ДАР ФАРХОРУ ҚУМСАНГИР ВА ХУҶАНДУ ДУШАНБЕ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 13 августи соли 2024
Ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ
12-уми августи соли 2024, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, Шарифзода Беҳруз Абдулқудус, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми аз самти ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор ба самти ноҳияи Восеъ ҳаракат намудан, дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Фархор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, ба чуқурии 42 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашина Шарифзода Б.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашина Рузиева Марям Муҳаммадҷоновна, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, Ҳабибуллои Саъдулло, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ ва Зоиров Фозил Қодирович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
11-уми августи соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВМВ», Ҷобиров Идибек Нурович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи поён”, аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайхун, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Машрабов Сулаймон Рустамбекович, соли таваллудаш 2008, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ, Машрабов С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми августи соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «AYWAIS U-5», Малаев Ғайратҷон Раҳимович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Сирдарё аз самти гардиши Ором ба самти маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Юсупов Давронҷон Муқимҷонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Юсупов Д.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми августи соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “AION”, Холмуродов Алишер, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Абая аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, ҳангоми гузаштани чорроҳаи кӯчаҳои Абая-Борбад дар болои хати пиёдагардони танзимшаванда, дучархарон Асоев Осимҷон Сунатуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.