ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

РУСИЯ ЭЪТИРОФ КАРД, КИ УКРАИНА 28 НУҚТАИ АҲОЛИНИШИНИ ВИЛОЯТИ КУРСКРО ИШҒОЛ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Як мавзӯи байналмилалии вирди забон дар рӯзҳои охир ҳамлаи ғайричашмдошти артиши Украина ба ақибгоҳи рақибаш шудааст. Қарори маълум, нирӯҳои Украина рӯзи 6 августи соли 2024 марзи Русияро гузашта, даҳҳо нуқтаи аҳолинишин ва садҳо километри мураббаъ аз қаламрави вилояти Курски ин кишварро нафақат ишғол карданд, балки дар ин минтақаҳои ишғолшуда зоҳиран барои даромуддат сангар гирифтанианд.

 Рӯзи 12 августи соли 2024 дар як ҷаласае, ки президенти Русия Владимир Путин бо аъзои Шӯрои амният, вазирони қудратӣ ва волиёни 3 вилояти бо Украина ҳаммарзи Курск Белгород ва Брянск доир кард, иҷрокунандаи вазифаи волии вилояти Курск Алексей Смирнов эътироф кард, ки “имрӯз 28 минтақаи аҳолинишин таҳти назорати рақиб қарор дорад. Умқи хатти ҷабҳа дар вилояти Курск 12 километр ва бараш 40 километрро ташкил медиҳад”.

Ин рақамҳо ба президент Путин нафорид ва ӯ сухани воли Курскро бурида, эродаш гирифт, ки рақамҳои марбут ба давру бари хатти ҷабҳаро бояд ҳарбиҳо гузориш диҳанд ва ӯ ба ҳайси волӣ нақл кунад, ки масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷиҳати кумак ба сокинони аз манотиқи ҷангзада фироркардаро чӣ гуна ҳал карда истодааст? Путин ахиран амр дод, ки ба ҳар кадом аз сокинони фирорӣ 10 ҳазор рубл (ҳудуди 110 доллар) кумак расонанд.

Путин дар ин ҷаласа Украинаро ба он айбдор кард, ки бо ҳамла ба қаламрави Русия мехоҳад дар пушти мизи музокироти оянда мавқеи бартарро ба даст биорад ва ҳамзамон бо тӯл додани хатти ҷабҳа Русияро ба кашондани як қисми нирӯҳояш аз ҷабаҳоти дигар ба вилояти Курск водор карда, пеши роҳи пешравии артиши Русия дар дигар ҷабҳаҳоро бигирад. Аммо Путин иддао кард, ки ин рӯзҳо пешравии нирӯҳои Русия дар дигар ҷабаҳоти ҷанги Украина гӯё баракс суръат гирифтааст.

Рӯзи 12 август раҳбарони аввали Украина низ бори аввал пешрафтҳояшон дар вилояти Курскро шарҳ доданд. Сарфармондеҳи артиши Украина Александр Сирский, ки тавассути видео дар ҷаласаи доиршуда дар ҳузури президенти ин кишвар Владимир Зеленский суханронӣ кард, ҳисобот дод, ки нирӯҳои украинӣ то рӯзи 12 август ҳудуди 1000 километри мураббаъ аз қаламрави вилояти Курсксро зери назорати худ даровардаанд. Ин назар ба масоҳате ки волии Курск Смирнов эътироф кард, ду маротиба бештар аст.

Владимир Зеленский шоми 12 август дар муроҷиатномааш гуфт, қаламравҳои дар вилояти Курск ишғолшуда минтақаҳоест, ки Русия аз онҳо барои ҳамлаҳо ба вилояти Сумии Украина истифода мекард. Ӯ афзуд, амалиёт дар вилояти Курск имкон медиҳад, ки атрофи марзи Украина аз ҳузури ҳарбиёни рус пока карда шавад. Зеленский ҳамчунин ба артиши Украина барои асир гирифтани даҳҳо аскару афсари Русия изҳори сипос кард ва гуфт, ки ин “сандуқи мубодилаи асиронро ғанитар мегардонад”.

Дар ҳамин ҳол, ҳар рӯз дар Интернет даҳҳо аксу видео нашр мешавад, ки чӣ гуна нирӯҳои Украина ба осонӣ ва тақрибан бидуни дучор шудан ба ягон муқовимати ҷиддӣ марзи Русиярт убур мекунанд, чӣ гуна даҳҳо аскари Русия, аз ҷумла ҷангиёни баталёни “Аҳмад”-и аз сӯи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ташкилшуда ба нирӯҳои украинӣ таслим мешаванд, чӣ гуна мошинҳои ҷангии Украина хандақҳову дигар мониаҳои бо харҷи миллиардҳо рубл дар марзи Курск бо Украина бинокардаи генералҳои фасодзадаи русро ба осонӣ мешикананду рахна мекунанд ва мегузаранд.

Дар аксҳову видеоҳои нашршуда нирӯҳои Украина дар паҳлуи истгоҳи гази Суҷа, бузургтарин истгоҳи интиқоли гази Русия ба Аврупо, дар кӯчаҳои деҳаҳои ишғолшуда ва ҳатто дар назди як мағоза аз шабакаи машҳури “Пятёрочка” дида мешаванд. Сарбози украинӣ дар пеши дари “Пятёрочка” шӯхӣ мекунад, ки “барои харид ба “Пятёрочка” омадам. Инҷо фаровонист”.

Видеоҳое ҳам нашр шуданд, ки сарбозони украинӣ дар яке аз деҳаҳои ишғолшуда аз даромадгоҳи як муассисаи давлатӣ парчами Русияро канда, ба замин меафкананд ва ба ҷои он парчами Украинаро меовезанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ба фарқ аз шабехунҳои қаблӣ, ки асосан бо дасти ҷангиёни Корпуси ихтиёриёни рус (РДК, Русский добровольческий корпус) анҷом мешуд ва чирикиҳо баъди чанд соати задухӯрд қаламрави Русияро тарк гуфта, ба Украина фирор мекарданд, ин навбат амалиёт дар вилояти Курся аз сӯи нирӯҳои артиши Украина сурат гирифт ва инак як ҳафта боз дар қаламрави вилояти Курск побарҷо мондан ва ҳатто манотиқи зери назорати худро торафт афзоиш додани нирӯҳои украинӣ баёнгари он аст, ки зоҳиран онҳо ин навбат барои муддати дарозтаре марзи Русияро гузаштаанд.

Интиқоли ҷанг ба қаламрави худи Русия пеш аз ҳама, ба обрӯи ҳукумати Русия ва президент Путин зарба мезанад, чунки дар соли сеюми ҷанге, ки Кремл мехост дар байни ҳамагӣ чанд ҳафта ба нафъи худ анҷом дода, тамоми қаламравҳои шарқу ҷануби Украина, бо шумули Харкову Херсон, Запороже, Николаев, Одесса ва ҳатто Киевро ба осонӣ моли худ кунад,  нирӯҳои Русия имрӯз нафақат дар ботлоқи ин ҷанги пурхарҷ хеле сахт ва ба муддати тӯлонӣ дармондаанд, балки имрӯз маҷбур шудаанд, ки дар қаламрави худ аз артиши Украина худро дифоъ кунанд.

Ва ин воқеиятҳои навест, ки стратегҳои Кремл ва Генштаби артиши Русия моҳи феврали соли 2022, вақте нақшаи ҳамла ба Украинаро мекашиданд, ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд, ки оқибаташон ба инҷо хоҳад кашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button