ҶИЯНИ НАЗАРБОЕВ 1,6 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ДУЗДИДААШРО БА ДАВЛАТ БАРГАРДОНДААСТ
Агентии мубориза бо коррупсияи Қазоқистон рӯзи 12 августи соли 2024 хабар дод, ки Ғайрат Сотиболдӣ, ҷияни дар вақташ хеле сарватманд ва пурнуфузи президенти собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев, ва афроди ба ӯ алоқаманд дар зарфи ду соли охир молу мулк ва сарватҳои ғайриқонунӣ бадастовардаашон ба маблағи 732,8 миллиард танга, ё 1 миллиарду 600 миллион долларро ба давлат баргардонданд. Агентии зидди коррупсия гуфт, аз ин шумор 661,5 миллион долларашро дар хориҷ, аз ҷумла дар Австрия, Лихтенштейн, Имороти Араб, Туркия ва кишварҳои дигар пайдо карда, аз ҷумла дар натиҷаи ҳамкории фаъолонаи худи Ғайрат Сотиболдӣ дар як муддати кӯтоҳ ба Қазоқистон баргардондаанд.
Агентии зидди коррупсия гуфт, ки тафтиши парвандаҳои Ғайрат Сотиболдиро дар мавриди дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои “Қазоқтелеком” ва “Маркази хадамоти нақлиётӣ”, шустушӯи пулу молу мулки бо роҳҳои ҷиноятӣ бадастоварда ва сарпечӣ аз пардозти боҷу хироҷи гумрукӣ аз сӯи ширкатҳои зери назоати ӯро пеш мебурд. Ин ниҳод ҳамчунин аз ҷияни Назарбоев тавсиф кард, ки “дар ҷараёни тафтишот гуноҳи худро пурра ба гардан гирифта, ба тафтиши қонуншиканиҳо ва пайдо кардани молумулки бо роҳҳои ҷиноятӣ дастовардааш мусоидат кард”.
Молу мулк ва дороиҳои аз ҷониби Ғайрат Сотиболдӣ ва нафарони ӯ баргардондашуда аз ҷумла аз биноҳои маъмурӣ, ҳавливу хонаҳо ва мошинҳои гаронбаҳо, саҳмияҳо дар ширкатҳо, роҳҳои оҳан, ороишоту ҷавоҳироти нодир ва маблағҳои пулӣ иборат будааст.
Аз ҷумла:
- 28,8% саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии “Қазоқтелеком” – бо арзиши 93,8 млрд танга.
2. Ҷамъияти саҳомии “Маркази хадамоти нақлиётӣ” (АО “ЦТС”) – 30,2 млрд танга.
3. Саҳми Сотиболдӣ дар 4 ширкати дигар – 10,3 млрд танга.
4. Молу мулк дар Қазоқистон – 158,5 млрд танга.
5. Молҳои нодири гаронбаҳо – 105,39 млрд танга (230 млн. $)
6. Пул дар бонкҳои Қазоқистон – 36,8 млрд танга.
7. Пул дар Австрия – 36,8 млрд. танга (82,1 млн. $)
8. Пул дар Лихтенштейн – 116,7 млрд танга (260,5 млн. $)
9. Пул дар Имороти Араб – 6,3 млрд танга (14 млн. $);
10. Пул дар Туркия – 2,2 млрд танга (4,92 млн. $);
11. Қоғазҳои гаронбаҳо – 135,8 млрд танга (300 млн. $).
Ҳамин тавр, Ғайрат Сотиболдӣ ва афродаш ба давлат 115 адад молу мулк дар Қазоқистон ба маблағи 158,5 миллиард тангаро баргардондаанд, ки аз ҷумла 73 адад молу мулки ғайриманқул, бо шумули 13 ҳавлӣ, 10 бино, 13 қитъаи замин, 4 манзил, 3 иморат, 2 бинои мадрас, 2 таваққуфгоҳ (парковка), 25 дафтари кор, як сохтмони нотамомро дар бар мегиранд. Ҳамчунин Сотиболдӣ 209 мошин, 5 техникаи махсус ва 3 квадросиклашро ба давлат супурдааст.
Гуфта мешавад, бархеи ин молу мулк ба номи дигарон сабт шуда буд.
Масоҳати умумии биноҳои маъмурии дар шаҳрҳои Остона ва АлмаАто ба давлат баргардондаи Сотиболдӣ 180 метри мураббаъ баровард шудааст.
Ин ҳама молу мулк қаблан ба иҷора дода шуда, ҳар сол ба ҷияни Назарбоев чандин миллиард танга даромад меовард.
Таъкид шудааст, ки яке аз қасрҳои аз ҳама пуршукӯҳи Ғайрат Сотиболдӣ қасраш дар деҳаи Барапи ноҳияи Оқмола бо масоҳати 1500 метри мураббаъ буд, ки дар як қитъаи замини масоҳаташ 135 гетар доман густурда буд. Ин қасрро бо заминаш мақомот ба идораи маорифи шаҳри Остона додаанд.
Агентии мубориза бо коррупсияи Қазоқистон гуфт, дигар молу мулки аз Сотиболдӣ мусодирашуда низ бо мақсадҳои иҷтимоӣ истифода хоҳанд шуд.
Дар акс: қасрҳои Ғайрат Сотиболдӣ
Ғайрат Сотиболдӣ писари Сотиболдӣ Назарбоев, бародари дар садама ҳалокшудаи президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. Ӯ баъдан номи падарашро ҳамчун насаб интихоб кард. Ғайрат Сотиболдӣ аввалҳо дар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон кор мекард, вале баъдҳо ба тиҷорат ва сиёсат рӯ оварда, дар давраи президентии амакаш Нурсултон Назарбоев ба қатори бойтарин сокинони Қазоқистон тибқи фарзияи маҷаллаи Forbes Kazakhstan шомил мешуд. Ғайрат Сотиболдӣ аз ҷумла тавассути ширкати офшории “Скайлайн Инвестмент” (Skyline Investment Company S.A.) чоряки саҳмияҳои “Қазоқтелеком” – ширкати монополист дар бозори алоқаи Қазоқистонро дар даст дошт.
Ғайрат Сотиболдӣ моҳи марти соли 2022 боздошт ва моҳи сентябри ҳамон сол бо ҷурми тасарруфи маблағҳо ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.
Ӯ дар маҳбас адои ҳукм мекунад ва моҳи декабри соли 2023 дархосташ барои озодии пеш аз муҳлат аз тарафи мақомот ба далели ин ки “рафтори маҳбус намунавӣ нест” рад карда шуд.
Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло 84 сол дорад, аз соли 1989 то 2019, дар тӯли 30 сол бар Қазоқистон, кишвари аз лиҳози масоҳат, ҳаҷми иқтисод ва захираҳои табииаш аз ҳама бузурги Осиёи Марказӣ роҳбарӣ кард. Соли 2019 ӯ курсии президентиро расман ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд, вале аз паси парда ба унвони Елбасӣ (Пешвои миллат) тақрибан тамоми умури калидии давлатиро дар дасти худ нигоҳ дошта буд ва Тоқаев бештар нақши як президенти намоиширо иҷро мекард.
Баъди эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 Назарбоев аз дасти дарози дахолат ва нуфузи қаблиаш бар умури давлатии кишвар маҳрум гардид. Ҳамчунин бисёре аз тарафдорону ёрони ӯ ва ҳамин тавр, хешовандони наздики Назарбоев мансабу мақомҳои баланд ва тиҷоратҳои бузурги худро аз даст доданд ва бархеи онҳо, ба мисли Ғайрат Сотиболдӣ ҳатто паси панҷара афтоданд.