ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ СЕЛУ ОБХЕЗӢ БАР АСАРИ ОБ ШУДАНИ ПИРЯХҲО ТО 15 АВГУСТ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 августи соли 2024 дар ҳудуди як қатор ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ аз сабаби болоравии дамои ҳаво хатари омадани селҳо бар асри об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу теппаҳо ва ярч вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва ё ҳангоми кӯҳгардӣ эҳтиёткор бошанд.

Кумита аз сокинон хостааст, аз қабл ҷӯю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову бодовардаҳо тоза кунанд, то дар сурати омадани оби зиёд маҷрои он дигар нашавад.

Тоҷикистон чанд ҳафта боз дар панҷаи гармои шадид қарор дорад. Боло рафтани ҳарорати ҳаво боиси боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ва фурӯ рехтани селҳои харобиовар мешавад.

Шоми 4 август дар пайи чунин як сели шадид 45 оиларо аз деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба маконҳои амн кӯчонданд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои зарардидагон дар як макони амнтар хонаҳои нав хоҳанд сохт.

Дар умум дар нимаи аввали сол 532 офати табиӣ, асосан селу обхезиҳо, барфу боришот ва тармаву ярч, ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 130 миллион сомонӣ, ё наздики 12 миллион доллар зарар оварда, сабаби марги 15 нафар шуданд. Аз ин шумор 9 нафар, аз ҷумла 7 ноболиғ қурбони селу обхезиҳо гардида, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафар бар асари ярч ҷони худро аз даст додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button