
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қасди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳараш дар заминаи рашк хабар дод.
Бино ба иттилои ВКД, ба шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур бо ариза дар ин хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 9-уми августи соли 2024, тахминан аз соати 22:00, шавҳараш, марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳр дар манзили истиқоматиашон, аз сабаби рашк ва муноқишаи оилавӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо бераҳмии махсус тавассути корди рангуборкунии сохтмонӣ (малярный нож) узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Маркази матбуоти ВКД меафзояд: “Гумонбаршаванда пас аз ин бо мақсади худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудан, ба НФС “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат омада, дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст, ки ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Ваҳдат муайян гардида, тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ӯ ба беморхона интиқол дода шуда, бистарӣ карда шудааст”.
Мувофиқи маълумотномаи беморхона, ҳоло вазъи саломатии ҳарду зану шавҳар вазнин буда, онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона, яъне дар реаниматсия (вазнинхона) бистарӣ гардидаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Маълум нест, оё кадом амали зан боиси чунин рашки бағояти шавҳар шуда ва ӯ ба тарафи ҳамсараш корд кашидааст?
Марди бадрашк ва ҳамсараш, ё дигар наздикони ин хонавода барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ягона ҳодисаи қасди ҷони ҳамсар кардани шавҳар дар Ваҳдат нест.
ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2024 хабар дода буд, ки як марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир карда шуд.
Бино ба фарзияи ВКД, гумонбаршаванда ҳамроҳи ҳамсари 34-солааш дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба таъмири хона машғул будаанд. Ҳангоми кор байни зану шавҳар ҷанҷол бархостааст ва лшавҳар аз сабаби рашк ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор додааст.Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба хонаи истиқоматиашон дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

