ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОҲЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ, ЗАНОЗАНӢ ДАР ҲИСОР ВА 4 ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 4 МИЛЛИОН ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 12 августи соли 2024

Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ 

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 7-уми августи соли 2024, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Борбади пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди истифода аз корди ошхонагӣ телефони мобилии писари ноболиғи 14-солааш, тамғаи “HUAWEI-P40”, ки арзишаш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Панҷ содир намуданд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи муноқиша

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда  25-уми июли соли 2024, тахминан соати 19:00, дар ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинобар сар задани муноқиша марди 41-солаи сокини шаҳри мазкурро қасдан бо дасту пойҳояш мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 117 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 2 миллиону 145 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз он маблағ 1 миллиону 917 ҳазор сомониашро дода, аз баргардондани маблағи боқимонда 228 ҳазор сомонӣ то ҳол саркашӣ намуда истодаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 35, 30 ва 43-солаи сокинони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров содир намудаанд, ки дастгир карда шуданд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 31-уми декабри соли 2023, мардони 32 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор доллари амрикоиро барои гузаронидани бозӣ тариқи интернетӣ гирифта ваъда додаанд, ки баъди гузаронидани бозӣ маблағи мазкурро дар муддати як моҳ бармегардонанд, аммо то ҳол онро барнагардонида, фиреб карда гаштаанд. 
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки  марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, маблағи 40 ҳазору 427 доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст. 
Оид ба ин ҳоидиса нисбати гумобаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62 ва 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон, моҳи январи соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 700 ҳазор сомонӣ ва 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button