МАРГИ 7 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ РӮЗҲОИ 9 ВА 10 АВГУСТ ДАР МАРКАЗ ВА ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9 ва 10 августи соли 2024 дар 6 садама дар манотиқи марказ ва ҷануби Тоҷикистон 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аз ҷумла рӯзи 9-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Қурбоналӣ Қиёмиддин, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Гулшан ба самти маркази ноҳияи Фархор, дар мавзеи Уртабузи ҷамоати Фархор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Давлатов Исматулло Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Давлатов И.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шоми 9-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:20, ронандаи атомашинаи тамғаи «Опел Зефира», Раҷабов Абдубилол Ғуломҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи М.Мастонгулови шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Назарова Кавгиниссо Файзалиевна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Назарова К.Ф. бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, пас аз чанд дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Субҳи барвақти 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 04:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Зарифов Дилшод Шералиевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Муҳиддинов Қурбоналӣ Асомиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, пас аз чанд дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 07:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Рузиев Неъматулло Исуфович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷа, худи ронанда Рузиев Н.И. ва мусофири дохили мошин Каримов Бахтиёр Пиракович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд ва мусофирони дигари мошин Саидов Наврӯз Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 1986 ва Ҳисайнов Насим Авазович, соли таваллудаш 1986, сокинони шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Нимаи дуюми рӯзи 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 17:17, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Рактис”, Халилов Неъмат Каримович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат ба самти терминали “Сафар-К” дар ҳудуди шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини боркаши тамғаи “Камаз”, ки дар канори рости роҳ истода буд, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Тойота-Рактис” Халилов Н.К. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири мошини мазкур Каримова Фарзона, соли таваллудаш 2005, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ва шоми 10-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Портер”, Сараев Имрон Абдуҳошимович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар километри 43-юми роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри мазкур дар ҳудуди деҳаи Гулистон, ҳангоми ба қафо рондани мошини мазкур, ноболиғ Бобоназаров Алиҷон Шуҳратович, соли таваллудаш 2011, сокини ин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Бобоназаров А.Ш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

