ВидеоСиёсат

“ГУРУҲИ 24” СУХАНГӮЯШРО РОНД. БОЗ ЯК ҶАНҶОЛ ДАР КИШТИИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК

Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ дар худи Тоҷикистон мамнӯъ, ки асосан дар Аврупо амал мекунад, рӯзи 11 августи соли 2024 бо нашри як изҳорот эълон кард, ки сухангӯи ин ҳаракат Убайдулло Носиров, маъруф бо исми Убайдулло Саидиро аз саффи ин ҳаракат “бо сабаби пойбанд набудан ба оинномаи ҳаракат” аз сафи “Гуруҳи 24” рондааст.  

Дар изҳороти шӯрои “Гуруҳи 24” чунин гуфта мешавад: “Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” тасмим гирифт, ки узвияти Убайдулло Носировро бо сабаби пойбанд набудан ба оинномаи ҳаракат аз “Гуруҳи 24” қатъ кунад. Бино бар ин, иборат аз ҳамин рӯз (11.08.2024), Убайдулло Носиров ба ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” ҳеҷ иртиботе нахоҳад дошт ва масъули аъмол ва кирдори ӯ танҳо худи ӯ хоҳад буд”.
“Гуруҳи 24” дар идомаи изҳороташ ҳамчун паёми хайрбодӣ ба узви собиқаш навиштааст, ки “аз Убайдулло Носиров “барои заҳматҳо ва саҳмаш то имрӯз дар мубориза сипосгузор буда, барои фаъолиятҳои ояндааш муваффақият мехоҳад”.

Аммо афроди огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот дар дохили раҳбарияти “Гуруҳи 24” рӯзи 12 август дар суҳбатҳои маҳрамона бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, бо вуҷуди орзуи “муваффақият дар фаъолиятҳои ояндааш” ба Убайдулло Носиров, рондани сухангӯи ин созмони оппозитсионӣ баёнгари оғози як буҳрони ҷиддӣ дар раҳбарии “Гуруҳи 24” дар пайи ба таври мармуз аз Туркия ба Тоҷикистон бурда шудани раҳбари он Сӯҳроб Зафар ва муваққатан ба раёсати ин созмон омадани Ҳусейн Ашӯров мебошад.

“Аз омадани Ҳусейн Ашӯров на ҳама дар дохили “Гуруҳи 24” розианд ва эҳтимолан, қазияи Убайдулло Саидӣ танҳо оғози ин буҳрони дар ҳоли густариш аст”, – гуфт як ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Убайдулло Саидӣ низ дар саҳифааш дар Фейсбук  як акси Ҳусейн Ашӯровро гузошта ва дар зери он зоҳиран кинояомез навиштааст, ки “садоқат ва нигоҳ доштани сиррро аз ин мард бояд омӯхт, яъне аз Ҳусейн Ашӯров…” Дар пайи сенуқта дар анҷоми ин ҷумлааш ӯ ташреҳ доштааст, ки навиштааш “як шӯхии сиёсӣ” аст.

Убайдулло Саидӣ, ки феълан дар Инглистон (Англия) ба сар мебарад ва дар баробари сухангӯи “Гуруҳи 24” буданаш, узви шӯро ва намояндаи ин ҳаракати оппозитсионӣ дар Инглистон ҳам буд,  рӯзи 12 август дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ кард, ки рондани ӯ аз саффи “Гуруҳи 24” ба як баҳси шадиди онҳо бо бархе аз аъзои раёсати “Гуруҳи 24” рабт дорад.

Ӯ афзуд:  “Тақрибан ду моҳ қабл, ё поёни моҳи май буд ваё аввали июн, дар як ҷаласа аз ман хостанд, ки бархе маълумоти сирриро, ки ман пеши худ доштам, бо онҳо дар миён гузорам. Вале ман гуфтам, ки ба бархе аъзои раёсат, аз ҷумла ба Ҳусейн Ашӯров эътимод надорам ва ба ин далел, бо вуҷуди исрори ҳамсафон, он маълумотро барояшон нагуфтам. Дар посух нисбат ба ман аз ҷониби бархе аъзои раёсат ҳарфҳои хеле тунду олуда ба тавҳину таҳқир гуфта шуд. Ман ба ин ҳарфҳо тоқат накардам ва барои тарки раёсати “Гуруҳи 24” ариза додам. Вақте бародарон барои ҳалли ин ихтилоф ба ман муроҷиат карданд, ман гуфтамашон, ки тавҳинро ба ҳеҷ сурат қабул надорам ва барои ҳалли моҷаро, бояд оне, ки тавҳинам кард, пеш аз ҳама, аз ман узр бипурсад. Ин кор нашуд, ё гапи онҳое, ки дар байн даромада буданд, нагузашт ва рӯзи 11 август изҳороти шӯро нашр шуд, ки маро нафақат аз раёсат хориҷ кардаанд, балки батамом аз саффи ҳаракат берунам андохтаанд”.

Убайдулло Саидӣ мегӯяд, иттиҳоми “пойбанд набудан ба оиномаи ҳаракат”-ро беасосу бепоя мешуморад ва аслан қабул надорад.

“Ман талаб дорам, ки ин иттиҳомро бекор ва маро дар саффи “Гуруҳи 24” барқарор кунанд ва онҳоеро, ки худсарона даст ба ихроҷи ман задаанд, танбеҳ бидиҳанд. Ман узви интихобшудаи раёсатам ва касе, ҳатто раисони “Гуруҳи 24” ҳақ надоранд, ки як нафари мунтахабро худсарона аз саффи ин ҳаракат берун андозанд”, – афзуд Саидӣ.

Убайдулло Саидӣ (Носиров Убайдулло Ҷумъабоевич) 3 декабри соли 1989 дар ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ тақрибан 10 сол қабл ба саффи “Гуруҳи 24”, ки аз сӯи соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис ёфтааст, пайваст ва муовини Мақсуд Иброҳимов дар раёсати созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, қаноти ҷавонони “Гуруҳи 24 буд”. Ин созмон дар ташкили митингҳои эътирозии “Гуруҳи 24” бо ҷалби муҳоҷирон дар шаҳрҳои гуногуни Русия дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 хеле фаъол буд. Раҳбари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар аввали соли 2015, дар пайи як сӯиқасд ба ҷонаш аз шаҳри Маскав ба таври мармуз ба Тоҷикистон бурда ва ба 17 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Ба зидди Убайдулло Носиров низ алакай моҳи декабри соли 2014 ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолиятҳои ифротӣ тавассути Интернет парванда кушода, аз 15 январи соли 2015 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш доданд. 18 декабри соли 2018, Убайдулло Саидӣ, ки он вақт дар Шветсия паноҳандагӣ дошт, дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав қабл аз нишастанаш ба парвози Маскав – Стокҳолм  ба далели таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанаш дастгир шуд. Вале алакай шоми ҳамон рӯзи 18 декабр, баъди бозпурсӣ аз ҷониби мақомоти Русия Саидиро ҷавоб доданд ва ӯ ба Шветсия баргашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button