Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 3 додрас (судя) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 7 додраси дигар ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда шудаанд.
Аз ҷумла, Шоҳиён хабар дод, ки раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода бо ҳукми додгоҳ ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ афзуд, ки Додгоҳи олӣ Абдураҳмонзодаро бар асоси моддаи 319 ва қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ва қаллобӣ ба маблағи хеле бузург гунаҳкор шинохт.
Абдураҳмонзода моҳи январ аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия барои порахӯрӣ дастгир шуд. Агентӣ моҳи май дар пайи анҷоми тафтиши ин парванда хабар дод, ки “Абдураҳмонзода Б.С. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст”.
Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дод, ки ҳамчунин Алимзода Ҳанифа Акбар, додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид, додраси додгоҳи шаҳри Левакант низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонда шуда, яке аз онҳо ҷарима ва якеи дигар маҳкум ба зиндон шудааст. Шоҳиён дар бораи мушаххасан ба чӣ аъмоли айбдор дониста шудани ин ду додрас ва чӣ ҷазо гирифтани ҳар кадомаш тафсилот надод.
Қаблан бо фармонҳои президент Бахтиёр Абдураҳмонзода, Фирдавс Маҷидзода ва Ҳанифа Алимзода бо далели “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаҳояшон ронда шуданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон бо айни таъбири “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зоҳир Муъминзодаро низ аз вазифа ронд ва талаб кард, ки ӯро комилан аз низоми додгоҳӣ биронанд. Муъминзода ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 7 июл дар як посгоҳи марзӣ дар даромадгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сарбози марзбонро латтукӯб кардааст. Гуфта мешуд, сабаби ба ин сарбоз хашм гирифтани раиси додгоҳ ин буда, ки сарбоз аз нафаре, ки дар мошини Муъминзода савор буд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташро пурсидааст. Сабти лаҳзаи латтукӯби сарбоз дар расонаҳо нашр шуд, вале Зоҳир Муъминзода боз ҳам иддао дорад, ки журналистон ин қазияро воҳима карда, нишон додаанд.
Шоҳиён дар нишасташ аз Муъминзода мушаххасан ном набуд, вале гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 7 додрас ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда шудаанд. Ӯ мушаххас накард, ки ин 7 додрас ба чӣ айбдор дониста шуданд ва оё нисбат ба онҳо чӣ ҷазоҳои интизомӣ андешида шуданд?
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳар сол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён аз апрели соли 2015 раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистонро дар даст дорад.