ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ 57-СОЛАИ ГУЛИСТОН СОБИРҶОН БОБОҶОНОВ АЗ РӮЗИ 3 АВГУСТ БЕДАРАК ШУДААСТ

Шуъбаи милитсияи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд рӯзи 11 августи соли 2024 бо нашри як эълон дар асоси муроҷиати пайвандон  аз ҳама барои ҷустуҷӯи як сокини 57-солаи бедаракшудаи ин шаҳр кумак хост.

Дар эълоне, ки дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” нашр шуд, гуфта мешавад, ки Бобоҷонов Собирҷон Баҳодурович, санаи таваллудаш 13 майи соли 1967, сокини маҳаллаи  Дӯстии халқҳои шаҳри Гулистон,  тақрибан соати сеи рӯзи 3 августи соли 2024 аз хонааш баромада, бо ҳамин бедарак шудааст ва дар ин чанд рӯзе, ки гузашт, ягон бор ба пайвандонаш аз худ дарак надодааст.

Пайвандони ин марди солманд дар бораи куҷо шудани Собирҷон Бобоҷонов ягон маълумот надоранд ва бесаброна мунтазири ба хона баргаштанаш мебошанд.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи эҳтимолан дар куҷо будани Собирҷон Бобоҷонов ягон маълумот доранд ваё тасодуфан ӯро дар ягон ҷо дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки фавран бо рақами телефони боварии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд:

+992 3422 6 22-22

ваё ба мақомоти милитсияи маҳалли зисти худ хабар диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button