МАСЪУЛОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТ БОЛТАЕВ УЗР ХОСТАНД (ВИДЕО)

Масъулони Бозиҳои олимпии Порис рӯзи 10 августи соли 2024 дар як номаи расмӣ аз Тоҷикистон барои ба ҷои парчами Тоҷикистон овехтани парчами Таиланд расман узр пурсиданд.
Дар номае, ки президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ Тони Эстанге ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодааст, гуфта мешавад, ки рӯзи 9 август дар маросими супоридани медалҳо ба ғолибони мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 92 кило дар толори “Роллан Гаррос” ташкилкунандагон ба иштибоҳ роҳ додаанд ва дар натиҷа ба ҷои парчами Тоҷикистон прачами Таиланд овехта шуд.
Тони Эстанге дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон меафзояд: “Мо мехоҳем ба барандаи нишони биринҷӣ ҷаноби Давлат Болтаев, Кумитаи миллии олимпӣ ва мардуми Тоҷикистон барои ин ҳолати номуносиб сидқан узр бипурсем. Мо пурра дарк мекунем, ки чунин иштибоҳ дар чунин як лаҳзаи барои варзишгари Шумо ва мардуми Шумо муҳим метавонист зарари бузурге бирасонад. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Порис-2024 тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳад дод ва аз ҳадди аксари таваҷҷуҳу эҳтиёт кор хоҳад гирифт, то ки дар оянда чунин иштибоҳ такрор нашавад”.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи ҷумъа, 9 августи соли 2024 дар Олимпиадаи Порис дар маросими супоридани медалҳо ба ғолибони мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 92 кило ташкилкунандагон ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои парчами Тоҷикистон дар болои сари муштзани тоҷикистонӣ Давлат Болтаев прачами Таиландро овехтанд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин вазн медали тило ва унвони қаҳрамони олимпиро Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон, нишони нуқраро Лорен Алфонсо, ки аз Озарбойҷон намояндагӣ мекард, ба даст оварданд. Ду нишони биринҷиро Эммануэл Рейес аз Испания ва Давлат Болтаев аз Тоҷикистон соҳиб шуданд. Вале дар маросими супоридани медалҳо дар ҳоле ки дар болои сари бақия парчамҳои дурусти кишварҳояшон, яъне парчамҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон ва Испания, алвонҷ мезад, дар болои сари Давлат Болтаев парчами … Таиланд пар мезад.
Видеои ин лаҳзаро тамошобинон сaбт ва дар Интернет нашр карданд. Зоҳиран сабаби ба иштибоҳ роҳ додани ташкилкунандагон ин буд, ки номи ҳам Тоҷикистону ҳам Таиланд бо ҳарфи Т сар мешавад ва тибқи имлои алифбои лотинӣ онҳо паиҳам меоянд.
Нашрияҳои варзишӣ навиштанд, ки мутаассифона, масъулони мусобиқаҳо ҷуғрофияи ҷаҳони имрӯза, бахусус рамзҳои давлатии кишварҳои хурдро хуб намедонанд ва ба чунин иштибоҳҳои барои иштироккунандагон аламовар роҳ медиҳанд. Вале, менависанд шореҳон, номи ғолибони мусобиқоти муштзанӣ аз қабл маълум буд ва масъулон фурсат доштанд, ки ин рамзҳоро на як бору ду бор тафтиш карда, аз роҳ додан ба иштибоҳ пешгирӣ кунанд.
Хусусан дар ҳоле, ки бо вуҷуди бо ҳарфи Т сар шудани номи Тоҷикистону Таиланд парчамҳои ин ду кишвар аз ҳам хеле фарқ мекунанд. Парчами Тоҷикистон мисли парчами Италиё ё Мексика аз силсилаи парчамҳоест, ки ба далели се ранги сабзу сафеду сурх доштанашон, онҳоро парчами шабеҳи тарбуз меноманд. Бар илова, дар маркази парчами Тоҷикистон тоҷу 7 ситора низ дарҷ шудааст. Ва аммо парчами Таиланд аз 5 хат бо се ранги сурху сафеду кабуд иборат аст.
Ин бори аввал нест, ки ташкилкунандагони Бозиҳоли олимпӣ дар Порис дар мавриди рамзҳои давлатӣ ба хато роҳ медиҳанд. Аз ҷумла рӯзи 28 июл дар марҳалаи нимфиналии мусобиқоти шиноварӣ болои сари Рута Мейлутите аз Литва ба ҷои парчами кишвараш парчами тими бетарафро бардоштанд. Ин дар ҳолест, ки варзишгарони Русияву Беларус ба сабаби таҳти таҳримот қарор доштани ин ду кишвар дар Олимпиада таҳти парчами тими бетараф ба майдон мебароянд. Дар ҳамон мусобиқот болои сари шиновари аргентинӣ Макарена Себаллос низ ба ҷои парчами Аргентина парчами Хитойро овехтанд.
Боз ҳам рӯзи 28 июл дар мусобиқоти баскетбол ба ҷои гимни Судони ҷанубӣ гимни кишвари дигар садо дод ва танҳо баъди се дақиқа масъулон таҳти ҳуштаккашии беисти мухлисон хатои худро ислоҳ ва гимни ин кишвари африқоиро пахш карданд.
Дар маросими кушодашавии Олимпиадаи Порис бошад тими олимпии Кореяи ҷанубиро иштибоҳан ҳамчун тими Кореяи шимолӣ муаррифӣ карданд. Вақте ки тими Кореяи ҷанубӣ савори заврақ аз рӯди Сена мегузашт, муҷрии маросим бо баландгӯ онро чунин муаррифӣ кард: “Ҷумҳурии халқии демократии Корея “.
Вазорати варзиши Кореяи ҷанубӣ гуфт, ин масъаларо мустақиман бо раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар байн хоҳад гузошт. Ин ниҳод ҳамчунин аз вазорати хориҷаи Корея хост, то дар сатҳи давлатӣ ба Фаронса дар мавриди ин иштибоҳи содиршуда дар маросими гушоиши Олимпиада шикоят нависад. Баъдан Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар робита ба ин ҳодиса расман аз Кореяи ҷанубӣ узр хост.