ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

ИСЁН ДАР КИШТИИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК: ҶУНБИШИ ГАДОЕВ ДАР ПЕШИ КАБИРӢ УЛТИМАТУМ ГУЗОШТ

Шаби 10 августи соли 2024, соати 22 ба вақти Амстердам, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, як ҳаракати оппозитсионии таҳти раҳбарии Шарофиддин Гадоев бо нашри як изҳороти вижа хабар дод, ки то ҳалли шартҳои гузоштааш муваққатан узвияти худро дар саффи Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи умдаи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо бозмедорад. Ҷунбиши Гадоев ба Паймони миллӣ ва раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ барои иҷрои шартҳояш, аз ҷумла таъмини намояндагии баробари ҳамаи созмонҳои узви эътилоф, 72 соат фурсат додааст.

Вале Саидюнуси Истаравшанӣ, як фаъоли мухолифин навиштааст, ки Шарофиддин Гадоев ҳанӯз қабл аз нашри ин изҳорот ба далели даст доштанаш дар “тавтиа” ва “як хиёнати бисёр бузург ва нобахшуданӣ” аз саффи Паймони миллӣ хориҷ карда шудааст.

Паймони миллӣ соли 2018 дар Варшава таъсис ёфта, ҳизби низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Назари Кабирӣ ва 3 созмони дигари узви Паймони миллӣ ба шартҳои гузоштаи Ҷунбиши ислоҳот ҳанӯз ба даст нарасидааст, вале дар изҳороти Ҷунбиш гуфта мешавад, ки Шӯрои сиёсии Паймон бояд аз 9 нафар: сенафарӣ аз Ҳизби наҳзат, Ҷунбиши ислоҳот ва Анҷумани озодандешон иборат бошад, вале боз ҳам ба хотири таъмини баробарӣ Анҷумани муҳоҷирон, ки аз ҷониби узви раёсати ҳизби наҳзат Илҳомҷон Ёқубов таъсис дода шудааст, набояд дар Шӯрои сиёсии Паймони миллӣ намояндаҳои алоҳида дошта бошад.

 “Аммо имрӯз аз 19 узви Шӯрои сиёсии Паймон миллӣ 13 нафараш аъзои Ҳизби наҳзатанд, ки ин сӯитавозунро ба вуҷуд оварда, боиси ба нафъи ин ҳизб ҳал шудани қарорҳо мегардад. Ин асли демократияро поймол карда, ба ташаккули диктатура ва шахспарастӣ дар дохили Паймон мусоидат мекунад”, – таъкид шудааст дар изҳороти Ҷунбиши Гадоев.

Ин ҷунбиш ҳамчунин пойфишорӣ дорад, то ки Саидюнуси Истаравшанӣ низ аз узвияти Шӯрои сиёсии Паймони миллӣ хориҷ карда шавад, чунки ӯ ҳам узви ҳизби наҳзат ва ҳам, ба иддаои тарафдорони Гадоев, корманди вазорати иттилоот ва амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон (MOIS/VEVAK)  аст.

Саидюнуси Истаравшанӣ билофосила ин иттиҳомро “туҳмат” ва иттиҳоме “нобахшиданӣ” хонд. Ӯ ҳамчунин дар мавриди ангезаҳои изҳороти Гадоев дар Фейсбуки худ чунин навишт: “Ба далоиле, ки феълан намехоҳам тафсилашро бигӯям, бародари азизамон, ҷаноби Шарофуддин Гадоев, ба хотири иртикоби як хиёнати бисёр бузург ва нобахшуданӣ, аз саффи Паймони Миллии Тоҷикистон берун карда шуд. Феълан намехоҳам тафсилашро арз кунам, иншоаллоҳ сари фурсат агар лозим шуд, хоҳам гуфт. Фақат ҳамин андоза метавонам бигӯям, ки эшон мавриди сӯистифодаи касоне ва ё ҷиҳоте қарор гирифта ва онҳо мақосид ва аҳдофи бисёр шуме бар доштаанд, ки Худоро шукр, фавран пеши роҳи ин тавтиъа гирифта шуда ва ҷаноби Шарофуддин Гадоев ихроҷ шуданд.”

Ва аммо Ҷунбиши Гадоев бар ин аст, ки “раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ парастиши шахси худро ба роҳ андозтааст ва 75% аъзои Шӯрои сиёсии Паймонро аъзои ҳизби наҳзат ташкил медиҳанд. Раҳбарони динар ҷунбишҳову қувваҳои сиёсии асосгузори Паймони миллӣ аз чунин таҳаввули ҳаводис изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунанд”.

Ҷунбиши Гадоев пешниҳод кардааст, ки раҳаброни Паймони миллӣ ҳар сол иваз карда шуда, ин эътилофи оппозитсияи тоҷик ҳамкориашро бо Эрон боздорад. Онҳо ба Паймони миллӣ барои иҷрои талабҳои худ 72 соат фурсат дода, навиштаанд, ки “дар ғайри сурати ин, мо дар мавриди хориҷ шудан аз саффи Паймони миллӣ, ки дар ҳоли ҳозир пурра аз сӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон назорат карда мешавад, қарор қабул мекунем”.

Фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон алакай соли 2019 аз ҷониби Додгоҳи миллии Тоҷикистон  дар ин ҷумҳурӣ манъ гардида, Паймон ба рӯйхатти созмонҳои ифротӣ шомил карда шуд. Фаъолияти  ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 манъ шуда буд.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=799937795647928&id=100068951448455&rdid=LwZZ3fk8bRDyYYUK

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button