
Олимпиадаи тобистонаи Порис, ки 26 июл оғоз ёфт, 11 август ба поён расид.
Рӯзи 10 август, дар охирин рӯзи мусобиқоти олимпӣ, ду намояндаи охирини тими Тоҷикистон қувваозмоӣ карданд, вале муттаассифона, ҳарду аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Таэквондочии 26-солаи тоҷик Мунира Абдусаломова дар нахустин рақобаташ аз қаҳрамони соли гузаштаи ҷаҳон Алтея Лорин аз Фаронса ва дар марҳалаи тасаллобахш аз рақиби олмониаш шикаст хӯрд. Виктор Рассадин, паҳлавони 30-сола аз ҷумҳурии Ёқутистони Русия, ки ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, дар мусобиқоти гуштини тарзи озод дар вазни то 74 кило ду рақибашро шикаст дода, ба нимфинал баромад, вале дар ин марҳала аз зодаи Доғистони Русия Разамбек Ҷамолов, ки таҳти парчами Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекард, шикаст хӯрд. Рассадин, мутаассифона, дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Чермен Валиев, додаи ҷумҳурии Осетияи шимолии Русия, ки таҳти парчами Албания ба майдон омада буд, мағлуб шуд ва бемедал монд.
Ба ин тартиб, аз 14 узви тими олимпии Тоҷикистон 11 нафараш аз Олимпиадаи имсола бе медал баргаштанд ва танҳо ба 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи гуштини ҷудо (дзюдо) ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ (бокс) – муяссар шуд, ки дар Порис 3 медали биринҷӣ ба даст биоранд.
Мухлисон аз он ситоиш мекунанд, ки Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш дар як Олимпиада 3 медал ба даст овард. Вале мунтақидон мегӯянд, ин дар муқоиса бо натиҷаи Ӯзбекистон, ки аз Олимпиадаи Порис бо 10 медал, аз ҷумла бо 6 медали тилло бармегардад, хеле кам аст.
Қарор аст, тими олимпии Тоҷикистон субҳи 14 августи соли 2024 бо хатсайри Порис – Тошканд – Душанбе ба Ватан баргардад. Ҳавопаймои онҳо субҳи чоршанбе, 14 август, соати 8:00 дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон фуруд меояд.
Интизор меравад, ки барои истиқболи варзишгарони тоҷик дар фурудгоҳ як маросими вижаи пуртантана ташкил кунанд.