ВидеоСиёсатТоҷикистонҲодиса

БАЙНИ КАБИРӢ ВА ГАДОЕВ КАДОМ ГУРБАИ СИЁҲ ГУЗАШТ? БАРХЕ ҶУЗЪИЁТИ МОҶАРОИ БАЙНИ РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР АВРУПО

Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, рӯзи 11 августи соли 2024 дар як изҳороти кӯтоҳ бидуни овардани кадом ҷузъиёт рӯ задани моҷаро дар байни роҳбарони ин созмонро тасдиқ кард.

Дар баёнияи кӯтоҳи департаменти иттилооти паймон чунин омадааст: “Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 10.08. 2024 масъалаи пайваста аз ҳадди ваколатҳои худ баромадани узви шӯро Гадоев Шарофиддинро баррасӣ намуда, бо аксарияти раъй ӯро аз шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон хориҷ кард”.

Паймон дар иттилоияаш ба ҷуз аз ин як ҷумлаи хушки протоколӣ тафсилоти дигар надодааст.

Салим Султонзода, сухангӯи Паймони миллӣ рӯзи 11 август дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин ҷаласаи изтирорӣ аз қабл маҳз барои баррасии рафтори Гадоев даъват шуда буд ва ба сурати онлайн шаби 10 август доир шуд.

Салим Султонзода гуфт, дар ҷаласа Гадоев низ ҳузур дошт ва изҳороти Ҷунбиши ислоҳот ва рушдашро тақрибан ҳамзамон бо анҷоми ҷаласа дар Фейсбук нашр кард. Султонзода гуфт, ба бархе далелҳо  мушаххасан бо чӣ иқдомҳое “аз ҳадди ваколатҳои худ баромадан” аза тарфи Гадоевро шарҳ дода наметавонад. “Вале гуфта метавонам, ки масъала ба ҳифзи мустақилияти  Паймони миллӣ рабт дорад”, – таъкид кард сухангӯи Паймони миллӣ.

Ва аммо Сайидюнус Истаравшанӣ, узви Анҷумани озодандешони тоҷик, ки дар Эрон ба сар мебарад ва дар изҳороти ахири Гадоев ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҷосусии Эрон айбдор шуд,  ин иттиҳомро “туҳмат” хонда, ба навбати худ,  бидуни овардани тафсилоте Гадоевро ба даст доштан дар “тавтиа” ва “як хиёнати бузурги нобахшиданӣ” айбдор кард.

Ӯ дар Фейсбукаш навишт: “…ҷаноби Шарофуддин Гадоев, ба хотири иртикоби як хиёнати бисёр бузург ва нобахшуданӣ, аз саффи Паймони Миллии Тоҷикистон берун карда шуд… Фақат ҳамин андоза метавонам бигӯям, ки эшон мавриди сӯистифодаи касоне ва ё ҷиҳоте қарор гирифта ва онҳо мақосид ва аҳдофи бисёр шуме бар доштаанд, ки Худоро шукр, фавран пеши роҳи ин тавтиъа гирифта шуда ва ҷаноби Шарофуддин Гадоев ихроҷ шуданд.”

Салим Султонзода низ дар бораи дар кадом “тавтиа” ё “хиёнат” даст доштани Гадоев шарҳе надод, вале гуфт, ихроҷи ӯ аз ҳайъати Шӯрои миллӣ ба талаби истеъфои Кабирӣ ё ултиматуми гузоштааш рабте надорад.

“Гадоев ва бархе аъзои дигари Шӯро қаблан ҳам масъалаи истеъфои Кабириро матраҳ карда буданд. Худи Кабирӣ инро ҳар дафъа ба раъйи аъзои Шӯро ҳавола мекард, вале аъзои Шӯро истеъфои ӯро қабул намекарданд. Ба ин далел, бояд таъкид кунам, ки Гадоев барои баромадан аз ҳадди ваколатҳояш аз Шӯрои Паймон ихроҷ шуд, на барои истеъфои Кабириро талаб карданаш. Инро ҳам бояд гуфт, дар ҷаласаи шаби 10 август масъалаи аз ҳадди ваколатҳояш баромадани Гадоев баррасӣ шуда буд, масъалаи Кабирӣ расман матраҳ нашудааст, ило дар суханронии худи Гадоев”,  – гуфт Султонзода.

Ва аммо Шарофиддин Гадоев дар мусоҳибааш бо “Бомдод” гуфт, вақте аз 18 узви Шӯрои паймон 13 нафар, яъне 75 фоизаш аз ҳизби наҳзати исломӣ, ки раҳбараш Кабирист, намояндагӣ мекунанд, табиист, ки тамоми масъалаҳо ба нафъи Кабирӣ ҳал мешаванд. Гадоев исрор меварзад, ки  масъалаи ихроҷи ӯ аз Шӯрои паймон маҳз баъди истеъфои Кабириро талаб карданаш пайдо шуд.

“Ман дар ҷаласаи Шӯро аз Кабирӣ рӯирост пурсидам, ки аз таъсиси Паймон 6 сол гузашт, натиҷаи корат чист? Паймон дар 6 сол ягон бор анҷумани ҳисоботию интихоботӣ доир накард. Паймон ҳатто сомонаи худашро надорад. Амалан натиҷаи кораш ҳеҷ аст. Ман талаб кардам, ки бигзор Кабирӣ биравад ва ба ҷояш нафарони ҷавонтар рӯи кор биоянд. Ба назари мо, роҳбарияти Паймон бояд ҳар сол нав карда шавад, чунки раҳбарии якранг диктатура ва шахспарастиро ба вуҷуд оварда, созмонро ба мурдоб табдил медиҳад. Ҳамин тавр, ҳар созмони узви Паймон бояд намояндагии баробар дошта бошад дар Шӯро, на инки 75% аз ҳизби Кабирӣ ва барои бақия ҳамагӣ 25%”, – гуфт Гадоев.

Салим Султонзода бархе эродҳои Гадоев, аз ҷумла дар мавриди анҷуман ва сомонаи Паймонро қабул кард. Ӯ гуфт, сомонаи Паймони миллӣ дар садади сохта шуданаш аст ва бояд рӯзҳои наздик ба кор дарояд.

Султонзода гуфт: “Мо ҳамин тавр, моҳи марти соли ҷорӣ мехостем анҷуман доир кунем, вале  ба бархе сабабҳои фаннӣ доир нашуд. Мушкил ин аст, ки бархе аъзои созмон дар Аврупо, бархе дар берун аз Иттиҳоди Аврупо ва бархе ҳатто дар Амрико ба сар мебаранд. Ва зери як бом ҷамъ овардани ҳама хеле сахт аст. Бо ин вуҷуд тасмим дорем, ки ба наздикӣ ҳадди ақал бо таъмини ҳузурии 50 фоизи вакилон ва 50 фоиз онлайнӣ анҷумани Паймонро барпо кунем”.

Дар мавриди намояндагии баробари созмонҳои узви Паймон, Султонзода гуфт, дар оғоз ин паритет нисбатан риоя мешуд, вале батадриҷ бо мувофиқати худи аъзои Шӯро, аз ҷумла Гадоев, афроди наве ба саффи Шӯро пазируфта шуданд ва дар натиҷа, таркиби Шӯро хеле тағйир ёфт.

“Аммо гумон намекунам, ки 75% танҳо аъзои наҳзат бошанд. Гадоев, барои мисол, Истаравшаниро наҳзатӣ хондааст, вале ӯ ягон вақт, аз ҷумла дар гузашта низ узви ҳизби наҳзат набуд”, – мегӯяд сухангӯи Паймони миллӣ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сабабҳои аслии ин бузургтарин буҳрон дар раҳбарии Паймони миллӣ фарзияҳои мухталиф садо медиҳанд. Бархе дар ин қазия дасти мақомоти вижаи Русия ва бархе дасти бархе қудратҳои дигарро мебинанд. Бархе исёни Гадоевро ба таҳаввулоти ахир дар арши сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ба парвандаи пурсарусадои Саидҷаъфар Усмонзода, ки ба “ғасби ҳокимият” айбдор мешавад, рабт медиҳанд.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки Ҷунбиши Гадоев ба Кабирӣ ва Паймони миллӣ барои иҷрои шартҳои худ 72 соат, яъне 3 рӯз вақт дода, таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳояш аз саффи Паймони миллӣ пурра хориҷ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button