ТАЛАВУ ТОРОҶИ МОЛҲОИ МУҲОҶИРОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ АЗ СӮИ МИЛЛАТГАРОЁН. ПУЛИС НИЗ ОНҶО БУД, ВАЛЕ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия миллатгароён аз созмони “Русская община. Екатеринбург” дар пеши чашми кормандони пулиси меваву сабзавот аз дӯконҳои муҳоҷирони боздоштшударо ба раҳгузарон тақсим карданд, вале пулис ин талаву тороҷ (мародёрство)-и молу маҳсулоти муҳоҷиронро нодида гирифт.
Рӯзи 8 августи соли 2024, дар ҷараёни рейди муштараки пулис, Роспотребнадзор ва … созмони миллатгарои “Русская община. Екатеринбург” дар дӯконҳои меваву сабзавотфурӯшии муҳоҷирон дар ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург, миллатгароён бо истифода аз фурсат ба роҳгузарон пешниҳод карданд, ки аз дӯконҳои бесоҳибмондаи муҳоҷирони боздоштшуда чӣ қадаре, ки зӯрашон мерасад, меваву сабзавот бардоранд. Ин амал дар воқеъ талаву тороҷ (мародерство) ном дорад, вале кормандони пулис, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур доштанд ва ин талаву тороҷ дар пеши чашми онҳо рух дод, ин корро як чизи оддӣ хонда, дахолат накарданд.
Як корманди пулис дар посух ба суоли хабарнигор, ки ин талаву тороҷ то куҷо қонунист, посух дод, ки “ин як кори оддист”. (“Это нормально”.) Аммо дар пеши дурбини камера ӯ забон хоид, ки гӯё дар он тарафи роҳ қарор дошт ва чизеро надидааст. Ин афсари пулис боз ҳам “тавҷеҳ” кард, ки ин талаву тороҷ нест. ”Агар шумо телефонатонро гум карда бошед, ин дуздӣ ҳисоб намешавад”, — муғамбирона “фалсафаронӣ” кард ин ходими қонун.
Раҳгузароне, ки марду зан беибо меваву сабзавоти бесоҳибмондаро аз дӯконҳои муҳоҷирон ба халтаҳои худ бор мекарданд, ба суоли журналистони сомонаи маҳаллии 66.РУ посух доданд, ки ба онҳо намояндагони “Русская община” иҷозат додаанд, ки меваву сабзавотро аз ин дӯконҳо “бардоранд”. “Онҳо гуфтанд, ки нафақахӯрон метавонанд аз ин дӯконҳо меваву сабзавот бигиранд. Агар онҳо иҷозат намедоданд, мо намегирифтем”, – бидуни ягон эҳсоси шарму ибо гуфт зане, ки чандон ба нафақахӯр намемонд, вале халтаашро пури мева карда буд.
Мисли ӯ дар байни онҳое, ки дӯконҳои бесоҳибмондаи муҳоҷиронро талаву тороҷ мекарданд, зану марди хеле ҷавонтар аз синни нафақа кам набуданд.
Лозим ба гуфтан аст, ки нафақат журналистон, балки шуморе аз сокинони маҳаллӣ низ кӯшиш мекарданд, то мардумро ба инсоф даъват карда, монеи талаву тороҷи дӯконҳо шаванд.
Дар ҳамин ҳол, натиҷаҳои рейд барои баргузоркунандагонаш чандон рӯсурхкунанда набуд: Аз 9 муҳоҷири дастгиршуда кормандони пулис танҳо дар асноди як нафараш мушкилоте пайдо кардаанд ва боқимондаро маҷбур шудаанд, ки ҷавоб бидиҳанд. Вале, албатта, касе фикри барқарор кардани зарари ба онҳо расондаи миллатгароёнро надорад.
Ин бори аввал нест, ки пулиси Екатеринбург миллатгароёнро ба рейдҳои зидди муҳоҷирон ҷалб мекунад. Ҳафтаи гузашта, рӯзи 30 июл, пулис ҳамроҳи намояндагони “Русская община” дӯконҳо ва ошхонаҳои марбут ба муҳоҷиронро тафтиш карда буд.
“Русская община” дар каналаш дар Телеграм навишт, дар ошхонаҳои муҳоҷирон партов, латтаҳои чиркин, гӯшти бӯгирифта ва ҳатто таракан, яъне нонхӯракҳоро пайдо кардаанд: “Ошхонаҳои кӯчагӣ амалан манбаъҳои паҳн шудани оризаҳои барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок будаанд. Онҳо бо хатти об муҷаҳҳаз нестанд, кормандонашон китобчаҳои санитарӣ надоранд, бе дастгоҳи касса кор мекунанд ва барои таҳҷизоту маҳсулоти худ санад надоранд. Фурӯшандагони ин дӯконҳо ҳатто дастпӯшак надоштанд”.
Миллатгароён гуфтанд, айни аҳволро онҳо дар дӯконҳои меваву сабзавот шоҳид шудаанд.
Дар маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани Екатеринбург гуфтанд, ки рейдҳо ба зидди муҳоҷиронро дар оянда боз ҳам идома ва ҳатто вусъат хоҳанд дод. Аммо рӯшан нест, ки дар кадом асос дар Екатеринбург дар ин рейдҳои зидди муҳоҷирон миллатгароён, аз ҷумла аз “Русская община” ҷалб карда мешаванд?
Қаблан волии кишвари Приморйеи Русия аз ташкили дружинаҳои махсус аз ҳисоби собиқадорони ҷанги зидди Украина ва созмонҳои миллатгаро барои гузарондани рейдҳо ба зидди муҳоҷирон дар минтақаи Шарқи дур хабар дод. Раҳбари пулиси вилояти Маскав бошад даъват кардааст, ки симои ин вилоятро “сафедтар” кунанд. Манзури генерали рус, албатта, аз муҳоҷирон пок кардани қаламрави вилояти Маскав буд.