ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ПАДАРУ ПИСАР, ДАР 4 САДАМА ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се рӯзи охир бар асари 4 садама дар ҷануби ҷумҳурӣ дастикам 5 нафар, аз ҷумла падару писар ҷон додаанд.
Шоми 8-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Мазда”, Шералиев Маҳмадсаид Усмонҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмадназарова Насиба, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмадназарова Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби 7-уми августи соли 2024, тахминан соати 02:00, ронандаи мошини тамғаи “Долун”, Муҳаммадии Ғаюри Пирзода, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ дар наздикии гардиши шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба чуқурии тахминан 3 метр сарозер чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда Муҳаммадии Пирзода ва писари хурдсолаш Пирзода Ёсин Муҳаммадӣ, соли таваллудаш 2016, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Субҳи 7-уми августи соли 2024, тахминан байни соатҳои 6 ба 7, ронандаи як мошини номаълум ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Қубодиён ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзошарипов Ҷӯрабек, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард Мирзошарипов Ҷ.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Урунов Шаҳзод, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд.
Ва шаби 6-уми августи соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ботиров Қузратулло Сафарович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар канори шаҳри Левакант аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба чуқурии тахминан 15 метр сарозер чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофири “Опел-Астра” Саидов Муҳаммадмӯсо Султонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Кӯшониён дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.