ДАР ОЛИМПИАДА БА ҶОИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМИ … ТАИЛАНДРО ОВЕХТАНД (ВИДЕО)
Рӯзи 10 августи соли 2024 дар Олимпиадаи Порис дар маросими супоридани медалҳо ба ғолибони мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 92 кило ташкилкунандагон ба иштибоҳ роҳ дода, ба ҷои парчами Тоҷикистон дар болои сари муштзани тоҷикистонӣ Давлат Болтаев прачами Таиландро овехтанд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин вазн медали тило ва унвони қаҳрамони олимпиро Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон, нишони нуқраро Лорен Алфонсо, ки аз Озарбойҷон намояндагӣ мекард, ба даст оварданд. Ду нишони биринҷиро Эммануэл Рейес аз Испания ва Давлат Болтаев аз Тоҷикистон соҳиб шуданд. Вале дар маросими супоридани медалҳо дар ҳоле ки дар болои сари бақия парчамҳои дурусти кишварҳояшон, яъне парчамҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон ва Испания, алвонҷ мезад, дар болои сари Давлат Болтаев парчами … Таиланд пар мезад.
Видеои ин лаҳзаро тамошобинон сaбт ва дар Интернет нашр карданд. Зоҳиран сабаби ба иштибоҳ роҳ додани ташкилкунандагон ин буд, ки номи ҳам Тоҷикистону ҳам Таиланд бо ҳарфи Т сар мешавад ва тибқи имлои алифбои лотинӣ онҳо паиҳам меоянд.
Нашрияҳои варзишӣ менависанд, ки мутаассифона, масъулони мусобиқаҳо ҷуғрофияи ҷаҳони имрӯза, бахусус рамзҳои давлатии кишварҳои хурдро хуб намедонанд ва ба чунин иштибоҳҳои барои иштироккунандагон аламовар роҳ медиҳанд. Вале, менависанд шореҳон, номи ғолибони мусобиқоти муштзанӣ аз қабл маълум буд ва масъулон фурсат доштанд, ки ин рамзҳоро на як бору ду бор тафтиш карда, аз роҳ додан ба иштибоҳ пешгирӣ кунанд.
Хусусан дар ҳоле, ки бо вуҷуди бо ҳарфи Т сар шудани номи Тоҷикистону Таиланд парчамҳои ин ду кишвар аз ҳам хеле фарқ мекунанд. Парчами Тоҷикистон мисли парчами Италиё ё Мексика аз силсилаи парчамҳоест, ки ба далели се ранги сабзу сафеду сурх доштанашон, онҳоро парчами шабеҳи тарбуз меноманд. Бар илова, дар маркази парчами Тоҷикистон тоҷу 7 ситора низ дарҷ шудааст. Ва аммо парчами Таиланд аз 5 хат бо се ранги сурху сафеду кабуд иборат аст.
Ин бори аввал нест, ки ташкилкунандагони Бозиҳоли олимпӣ дар Порис дар мавриди рамзҳои давлатӣ ба хато роҳ медиҳанд. Аз ҷумла рӯзи 28 июл дар марҳалаи нимфиналии мусобиқоти шиноварӣ болои сари Рута Мейлутите аз Литва ба ҷои парчами кишвараш парчами тими бетарафро бардоштанд. Ин дар ҳолест, ки варзишгарони Русияву Беларус ба сабаби таҳти таҳримот қарор доштани ин ду кишвар дар Олимпиада таҳти парчами тими бетараф ба майдон мебароянд. Дар ҳамон мусобиқот болои сари шиновари аргентинӣ Макарена Себаллос низ ба ҷои парчами Аргентина парчами Хитойро овехтанд.
Боз ҳам рӯзи 28 июл дар мусобиқоти баскетбол ба ҷои гимни Судони ҷанубӣ гимни кишвари дигар садо дод ва танҳо баъди се дақиқа масъулон таҳти ҳуштаккашии беисти мухлисон хатои худро ислоҳ ва гимни ин кишвари африқоиро пахш карданд.
Дар маросими кушодашавии Олимпиадаи Порис бошад тими олимпии Кореяи ҷанубиро иштибоҳан ҳамчун тими Кореяи шимолӣ муаррифӣ карданд. Вақте ки тими Кореяи ҷанубӣ савори заврақ аз рӯди Сена мегузашт, муҷрии маросим бо баландгӯ онро чунин муаррифӣ кард: “Ҷумҳурии халқии демократии Корея “.
Вазорати варзиши Кореяи ҷанубӣ гуфт, ин масъаларо мустақиман бо раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар байн хоҳад гузошт. Ин ниҳод ҳамчунин аз вазорати хориҷаи Корея хост, то дар сатҳи давлатӣ ба Фаронса дар мавриди ин иштибоҳи содиршуда дар маросими гушоиши Олимпиада шикоят нависад. Баъдан Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар робита ба ин ҳодиса расман аз Кореяи ҷанубӣ узр хост.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Тоҷикистон Мунира Абдусаломова, ки 26 сол дорад, рӯзи 10 август дар Порис дар мусобиқоти таэквондо дар нахустин рақобаташ аз Алтея Лорин аз Фаронса, ки бо вуҷуди ҳамагӣ 22 сол доштанаш алакай дар Олимпиадаи қаблӣ дар Токио медали биринҷӣ ба даст оварда, соли 2023 қаҳрамони ҷаҳон шудааст, шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, аз 14 узви тими олимпии Тоҷикистон 10 нафараш аз Олимпиадаи имсола бе медал баргаштанд ва танҳо ба 3 нафараш – Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи гуштини ҷудо (дзюдо) ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ (бокс) – муяссар шуд, ки дар Порис 3 медали биринҷӣ ба даст биоранд.
Виктор Рассадин, паҳлавони 30-сола аз ҷумҳурии Ёқутистони Русия, ки ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, шанс дорад, ки барои Тоҷикистон аз Порис медали чоруми биринҷиро ба даст биорад. Рассадин рӯзиӣ 9 август дар мусобиқоти гуштини тарзи озод дар вазни то 74 кило ду рақибашро шикаст дода, ба нимфинал баромад, вале дар ин марҳала аз Разамбек Ҷамолов аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва муборизаро барои дарёфти ҷои сеюми ва нишони биринҷии олимпӣ идома медиҳад.
Олимпиадаи Порис, ки 26 июл оғоз ёфт, 11 август ба поён мерасад.