ВИКТОР РАССАДИН БА ДАВРИ НИМАНИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲ ЁФТ!

Виктор Рассадин, паҳлавони 30-сола аз ҷумҳурии Ёқутистони Русия, ки ҳоло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳуранамоӣ мекунад, рӯзи 9 августи соли 2024 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис дар мусобиқоти гуштини озод дар вазни то 74 кило ду рақибашро шикаст дода, ба нимфинал баромад.
Виктор Рассадин дар нахустин рақобаташ дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ бо паҳлавони ҷавони 22-солаи юнонӣ Георгиос Кугиутсидис бо натиҷаи 8:2 ғолиб омад ва дар даври чорякниҳоӣ паҳлавони 20-сола аз Хитой Лу Фенгро бо натиҷаи 7:4 шикаст дод.
Акнун дар марҳалаи ниманиҳоӣ Виктор Рассадин бо паҳлавони 26-сола аз Ӯзбекистон Разамбек Ҷамолов дасту панҷа нарм мекунад. Рақобати онҳо барои роҳ ёфтан ба финал шоми ҷумъа, 9 август, соати 18:00 ба вақти Порис (21:00 бо вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Виктор Рассадин соли 1994 дар Ёқутистони Русия ба дунё омада, дар ҳамонҷо ба воя расидааст. Дар пайи таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтани Русия ва аз ҳаққи ҳунарнамоӣ таҳти парчами ин кишвар маҳрум шудани варзишгаронаш шуморе аз онҳо шаҳрвандии кишварҳои дигарро гирифтанд. Виктор Рассадин низ моҳи сентябри соли 2023 шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст овард ва инак қариб як сол боз дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.
То кунун тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Порис 3 медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ин се медалро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи гуштини ҷудо (дзюдо) ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ (бокс) ба даст оварданд. Ҳоло Виктор Рассадин шанс дорад, ки барои Тоҷикистон аз Порис медали ҳатто тилло ё нуқра ҳам ба даст биорад.
Вале натиҷаи бадастовардаи тими олимпии Тоҷикистон дар Порис ба сари худ алакай рекорд аст. Чунки то кунун тими Тоҷикистон дар ягон Олимпиада 3 медал нагирифта буд.
Натиҷаи аз ҳама баланди тими Олимпии Тоҷикистон ду медали нуқраву биринҷ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин буд, ки нуқраашро паҳлавони зодаи Доғистон Юсуф Абдусаломов овард ва биринҷиашро паҳлавони шуҳратёри тоҷик Расул Боқиев. Соли 2012 дар Лондон Тоҷикистон ҳамагӣ як медали биринҷӣ ба даст овард, ки он медали Мавзуна Чориева дар риштаи бокс буд. Соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гурззани тоҷик Дилшод Назаров соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони олимпӣ шуд, вале дар Олимпиадаи Токио ба касе аз варзишгарони тоҷик муяссар нашуд, ки сазовори медал шавад.
Охирин намояндаи Тоҷикистон Мунира Абдусаломова, ки 26 сол дорад, рӯзи 10 август дар Порис дар мусобиқоти таэквондо вориди рақобат мешавад. Рақиби нахустини ӯ Алтея Лорин аз Фаронса бо вуҷуди ҳамагӣ 22 сол доштанаш алакай дар Олимпиадаи қаблӣ дар Токио медали биринҷӣ ба даст оварда, соли 2023 қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
9 узви дигар аз 14 узви тими олимпии Тоҷикистон аз Порис бидуни медал баргаштанд.
Олимпиадаи Порис, ки 26 июл оғоз ёфт, 11 август ба поён мерасад.