ҲУШДОР АЗ ОМАДАНИ СЕЛ ДАР РӮЗҲОИ 8-10 АВГУСТ ДАР БАРХЕ МАНОТИҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки рӯзи 9 августи соли 2024 ба сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад.
Рӯзҳои 8-10 август бо сабаби баландшавии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта шудааст.
Кумита дар ин иртибот бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд. Барои таъмини бехатарии худ ва хонаводаи худ аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди ҳавлиҳои худро аз ҳар гуна бодовардаву селовардаҳо тоза кунанд, то агар оби зиёд ҷорӣ шуд, роҳи худро ёбад ва боиси хатар нашавад.
Дар чунин рӯзҳо будубош дар соҳили обҳо низ хатар дорад. Болоравии сатҳи об метавонад ба ҷони касоне, ки бе риояи қоидаҳои бехатарӣ саргарми оббозӣ мешаванд, таҳдид кунад.
Тоҷикистон чанд ҳафта боз дар панҷаи гармои шадид қарор дорад. Боло рафтани ҳарорати ҳаво боиси боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ва фурӯ рехтани селҳои харобиовар мешавад.
Шоми 4 август дар пайи чунин як сели шадид 45 оиларо аз деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба маконҳои амн кӯчонданд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои зарардидагон дар як макони амнтар хонаҳои нав хоҳанд сохт.
Дар умум дар нимаи аввали сол 532 офати табиӣ, асосан селу обхезиҳо, барфу боришот ва тармаву ярч, ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 130 миллион сомонӣ, ё наздики 12 миллион доллар зарар оварда, сабаби марги 15 нафар шуданд. Аз ин шумор 9 нафар, аз ҷумла 7 ноболиғ қурбони селу обхезиҳо гардида, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафар бар асари ярч ҷони худро аз даст додаанд.