ВидеоСиёсатТоҷикистон

“БО УСМОНЗОДА АЛОҚАИ ЗИЧ ДОШТАНД…” ШАРҲИ ДОДСИТОНИ КУЛ ДАР БОРАИ ҲАБСИ ИСКАНДАРОВУ ЗАРИФӢ ВА АҲМАДЗОДАВУ ҲАКИМОВ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш ифтитоҳи парванда ба зидди  Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари собиқи Ҳизби демократ ва вакили парлумон, ки моҳи июн  бо иттиҳоми “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” боздошт шуд, “дар ҳамкории зич қарор доштанд”. Аммо Юсуф Раҳмон ба далели ҳифзи сирри тафтишот ва “муҳри махфӣ” доштани ин парвандаи пурсарусадо из ироаи маълумоти бештар худдорӣ кард ва  дар бораи ин парванда тафсилоти зиёд надод.

“Сирри тафтишот аст, тафтиш бо муҳри махфӣ идома дорад ва ба сабаби сирри тафтишот ман ба шумо чизе гуфта наметавонам”, – гуфт Юсуф Раҳмон. Аммо дар посух ба ин суол, ки оё ин парвандаҳо ба ҳам рабт доранд?, посух дод, ки “бале, дар алоқамандии зич қарор доранд”.

Додситони кул як нуктаи дигарро низ таъкид кард ки: “Як чизро мегӯям, касе ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, новобаста ба он ки чӣ вазифа дорад ва дар гузашта чӣ вазифа ишғол карда буд”.

Парвандаи Усмонзода пурсарусадотарин парвандаи солҳои ахир ба шумор меравад.

Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 12 июн, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон Акбаршо Искандаров  ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода дар рӯзҳои аввали баъди боздошти Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар миёнаи моҳи июл, алакай як моҳ баъди ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуданд.

Бо гузашти қариб ду моҳ аз нахустин боздоштҳо дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадои “ғасби ҳокимият” то кунун касе аз мақомот ин боздоштҳоро шарҳ надода буд, ило худи Юсуф Раҳмон ва он ҳам рӯзи 12 июн, ҳангоми аз парлумон хостани иҷозат барои ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода.

Суханронии додситони кул дар парлумон ягона шарҳи расмии то кунун нашршуда дар бораи ин парванда буд. Ёдовар мешавем, Юсуф Раҳмон Усмонзодаро аз минбари парлумон ба он айбдор карда буд, ки гӯё ӯ ҳанӯз соли 2021 нақшаи ғасби ҳокимиятро бо намояндаи мухолифин Шарофиддин Гадоев маслиҳат карда, аз ӯ ваъда гирифтааст, ки дар ин кор раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо пул ва ирсоли беш аз 3000 ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кумакаш хоҳад кард.  Худи Усмонзода барои шарҳи иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда дастрас нест, вале Кабирӣ ва Гадоев иттиҳоми ваъдаи пулу нерӯ ба Усмонзода барои сарнагун кардани ҳукуматро рад мекунанд.

Иттиҳоми дигари зидди Усмонзода, ки аз забони додситони кул садо дод, ташкили гуруҳҳо барои амалӣ сохтани нақшаи ғасби ҳокимият дар дохили ҷумҳурӣ ва ахиран аз намояндаи як кишвари хориҷӣ дархост кардани 10 миллион доллар аз ҷониби Усмонзода гӯё барои анҷоми табаддулот аст. Юсуф Раҳмон номи он кишвари хориҷиро ном набурд, вале Шарофиддин Гадоев иддао дорад, ки сухан дар бораи як генерал аз ниҳодҳои амниятии Русия меравад, ки гӯё дар пайи ҳамлаи хунини моҳи март  дар толори консертҳои “Крокус” дар поёни моҳи март бо сафари махфӣ ба Тоҷикистон омада, бо чанд нафар аз шахсиятҳои шинохта ва мансабдорони дар гузашта баландпоя суҳбатҳои маҳрамона анҷом додааст ва мақомот аз ин хабар ёфта, ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки пои суҳбати он генерал нишаста буданд, бозҷӯӣ карда истодааст.

Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар имкон надорад. Аммо дар пайи Усмонзода, чандин нафари дигар, аз ҷумла Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ,  Аҳмадшоҳ Комилзода, Шокирҷон Ҳакимов ва ҳамчунин чанд афсари дар гузашта баландпояи амниятӣ, аз ҷумла фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимов, ба ҳабс гирифта шуданд. Аз Душанбе дар бораи бозҷӯии даҳҳо нафари дигар, асосан мансабдорони дар гузашта баландпоя хабарҳо ба даст мерасанд. Азбаски аксари онҳое, ки дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо бозҷӯӣ ё боздошт шуданд, афроди болиғ аз синни 60 ва бархе ҳатто болиғ аз синни 70 мебошанд, дар маҳфилҳо ин қазияро “исёни мӯйсафедон” ном кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button