7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ МАСТЧОҲ БАРОИ ТАБЛИҒИ АҚИДАҲОИ ДОИШ (ВИДЕО)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳро бо иттиҳоми тарафдорӣ ва таблиғи ақидаҳои созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ (ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом”) ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додгоҳ Мирзоев Рустам Авазбоқиевич, соли таваллудаш 1979-ро бар аcоси иловаи якуми моддаи 179 ба мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ва ҷалби дигар ба чунин фаъолиятҳо гунаҳкор шинохт.
Худи Рустам Мирзоев ё наздиконаш барои шарҳи ин ҳукм дастрас нестанд, вале Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише, ки шоми 8 августи соли 2024 дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, хабар дод, ки Рустам Мирзоев дар замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанаш ба ақидаҳои ДОИШ гароида, ақидаҳои ин созмони мамнӯи террористиро дар саҳифаҳои худ дар Интернет нафақат тарафдорӣ, балки дар байни дигар паҳн ҳам кардааст.
Чунин ба назар мерасад, ки Рустам Мирзоев алакай барои кадом гуноҳи дигаре дар маҳбас адои ҳукм мекардааст, чунки қозии парванда ҳангоми эълони ҳукмаш гуфт, ки ӯро бар асоси иловаи якуми моддаи 179 ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум мекунанд ва бо иловаи ҳукми додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ аз моҳи апрели соли 2023 ҷазоии ниҳоии ӯ 7 солро ташкил медиҳад. Маълум нест, ки Рустам Мирзоев қаблан бо чӣ ҷурме маҳкум ба зиндон шуда буд? Ва оё даст доштани ӯ дар таблиғи ақидаҳои ДОИШ ҳангоми дар маҳбас буданаш ошкор шудааст?
Дар солҳои авҷи фаъолияти ДОИШ, ки дар солҳои 2013-2014 қисмати бузурге аз қаламравҳои Ироқу Сурияро ишғол ва дар ин сарзаминҳои ишғолкардааш эълони ба ном “хилофат” карда буд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрванди тоҷик низ ба доми фиреби мубаллиғони ин созмони террористӣ афтода, ба Ховари Миёна рафтанд. Бархе аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон он қадар ба афсонаи “хилофат” дода шуда буданд, ки хонахез ҳамроҳи зану фарзандони худ ба он минтақаи ҷангзада ҳиҷрат карданд. Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, 80 фоизи ин шаҳрвандони фиребхӯрдаи Тоҷикистон маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба саффи ДОИШ ҷалб шуда буданд.
Дар солҳои 2017-2018 ДОИШ аксари он қаламравҳои зери назораташро аз даст дод ва бисёре аз ҷангҷӯёнаш дар ҷангҳо кушта шудаву қисме ба асорат афтоданд ва қисме дигар дар саросари дунё пароканда шуданд.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, то 500 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик низ дар Ироқу Сурия кушта шуданд. Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар солҳои охир муяссар шуд, ки беш аз 300 тан аз занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳот асирони ДОИШ аз Ироқу Сурия халос карда, ба Ватан баргардонад, вале даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар он ду кишвар боқӣ мемонанд. Қисме аз онҳо дар урдугоҳҳо дар як шароити хеле вазнин қарор доранд ва қисме дигар якҷо бо даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик дар Ироқу Сурия барои ҳамкорӣ бо ДОИШ зиндонӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои охир аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз Аврупо ва ҳатто аз Амрико дар бораи боздошти шуморе аз зодагони Тоҷикистон хабарҳо ба даст расид, ки гуфта мешуд, онҳо дар пайи фирорашон аз Сурияву Ироқ баъди шикасти ДОИШ ба Ғарб фирор кардаанд, вале ҳамкориро бо ин созмони террористӣ идома дода, мунтазири амру фармон барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ будаанд.
Моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои зархаридӣ ва иштирок дар ҷангҳои бегона ҳамчун ҷазо то 20 соли зиндон, моддаи 179 барои терроризм аз 5 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод ва иловаи яки моддаи 179 барои мусоидат ба терроризм аз 5 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо эзоҳҳои зери ин 3 модда дар сурати аз кардаи худ пушаймон шудану ба мақомот таслим шудани муттаҳамон ва бар асоси эзоҳҳои зери ду моддаи 179 ва 179, иловаи як дар сурати ҳамкории онҳо барои кушодани ҷиноятҳои террористӣ афви ин муттаҳамонро низ пешбинӣ мекунад.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2024 дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, дар солҳои охир 1589 шаҳрванди Тоҷикистон, ки узви созмонҳои мамнӯъ будаанд ваё ба доми фиреби созмонҳои террористӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафта буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Абдураҳмон Аламшозода гуфт, аз ҷумла дар нимаи аввали соли ҷорӣ 7 оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон, иборат аз 29 нафар, аз кишварҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.