Додгоҳи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 8 августи соли 2024 Рафиқҷон Юсупов, як муҳоҷири 30-солаи зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми додани маълумоти бардурӯғ дар бораи вуҷуди бомба дар бағочи ҳамсари ҳомилааш, ки шаби 24 феврали соли 2024 аз фурудгоҳи Пулковои Петербург ба Хуҷанд парвоз мекард, ба 3 солу 3 моҳи маҳбаси сукунутӣ (колония – поселение) ва пардохти қариб 1 миллиону 850 ҳазор рубл (ё тақрибан 20 ҳазору 600 доллар) товон ба ширкати ҳавопаймоии русии “Уральские авиалинии” маҳкум кард.
Худи Рафиқҷон Юсупов ё наздиконаш, аз ҷумла ҳамсари ӯ, ки пои вай ҳам дар ин моҷаро кашида шудааст, барои шарҳи ҳукми додгоҳ дастрас нестанд, вале Телеграм-канали русии ”Фонтанка” хабар дод, ки “Юсупов дар додгоҳ изҳори пушаймонӣ кард ва дар маҳзари ом узр пурсид “.
24 феврали соли 2024 расонаҳои Русия хабар доданд, ки як марди тоҷик барои онки монеи ба Тоҷикистон рафтани ҳамсари аз вай қаҳркардааш шавад, соати дуи шаб ба фурудгоҳи Пулково занг зада, ба кормандони колл-сентр, яъне маркази маълумотдиҳии фурудгоҳ хабар додааст, ки гӯё дар ҷомадони ҳамсари ӯ … бомба гузоштаанд ва гӯё ба ҳамлаи террористӣ тайёрӣ мебинанд.
Дар пайи ин занги изтиробовар ҳамаи 148 мусофир ва 9 узви экипажро аз ҳавопаймо берун оварда, дохили ҳавопаймо ва тамоми бағочи мусофиронашро як ба як бо кумаки сагҳои бӯгир тафтиш кардаанд, вале ягон чизи шубҳабарангез пайдо накардаанд. Дар натиҷа, парвози ҳавопаймо 6 соат ба таъхир афтодааст. Ҳамсари ҳомилаи он мард гуфтааст, ки як соат пеш аз парвоз телефонӣ бо шавҳараш муноқиша карда буд. Ӯ ба шавҳараш гуфтааст, ки ба Тоҷикистон пеши падару модараш бармегардад, вале шавҳараш аз ин ба хашм омада, доду фарёд бардоштааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт!
Телеграм-канали “Объединенная пресс-служба судов Санкт-Петербурга” (“Маркази муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург”) рӯзи 9 август тасдиқ кард, ки додгоҳи ноҳияи Нева Рафиқҷон Юсуповро бар асоси қисми дуюми моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Русия дар расондани маълумоти бардурӯғ дар бораи амали террористӣ гунаҳкор шинохт.
Бино ба фарзияи тафтишот, шаби 24 феврал, байни соатҳо 01.29 то 01.42, “Юсупов аз манзилаш дар суроғаи кӯчаи Новосели, хонаи 15 шаҳри Санкт-Петербург, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ба колл-сентри фурудгоҳи “Пулково“ занг задааст ва дар рафти суҳбат маълумоти баръало бардурӯғро дар бораи омодагӣ ба амали террористӣ расондааст. Яъне гхё дар бағочи ҳамсари ӯ Ю., киидар дохили ҳавопаймои “U6 2641“, ки бо хатсайри “Санкт-Петербург – Худжанд“ парвоз дорад, маводи мамнӯъ гузошта шуда, дар ин ҳавопаймо дақиқан амали террористӣ анҷом дода мешавад“.
Дар натиҷа, “Юсупов бо амали худ кори кормандони фурудгоҳро ба ҳам зада, нирӯву воситаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба тафтиши хабари бардурӯғ расона кард, ки боиси ба ҳам задани фаъолияти маъмулии ҳамаи хадамоти ҷалбшуда барои тафтиши ин маълумот гардид. Юсуф бо ин амалаш мақомоти давлатиро гӯл зада, ба ширкати “Уральские авиалинии“ зарари моддии бузург ба маблағи 1 миллиону 849 ҳазору 627 рублу 82 тин расонд. Дар рафти тафтиш маълумоти ӯ тасдиқ нашуд, дар дохили ҳавопаймо ягон маводи тарканда набуд“.
Ба Рафиқҷон Юсупов бар иловаи пардохти товон барои зарари ба ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ва фурудгоҳи Пулково расондааш, бар асоси моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Русия барои дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 700 ҳазор рубл ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекард. Вале бино ба гуҳориши хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург, додгоҳи ноҳияи Нева зимни судури қарораш бархе ҳолатҳои сабуккунандаро ҳам ба назар гирифт. Аз ҷумла инро, ки “Юсупов қаблан суд нашудааст ва бори аввал ҷиноят содир кардааст, гуноҳи худро пурра ба гардан гирифта, аз кардааш сидқан изҳори пушаймонӣ кард ва дар маҳзари ом узр пурсид, оиладор ва саробони як кӯдаки хурдсол аст, ба хешовандони наздикаш ҳадалимкон кумаки моддӣ мерасонд, кор мекард ва дар ҷои зисташ ӯро мусбат тавсиф мекунанд “.