ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

ЗУБАЙДУЛЛОҲИ РОЗИҚРО ДАР ШИФОХОНАИ ЗИНДОН БИСТАРӢ КАРДААНД


Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро дар бемористон зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кардаанд. Мақомот ва наздиконаш гуфтанд, ин рӯҳонии 80-сола мубталои бемории дил аст ва як ҳафта боз маризияш шиддат гирифта.

Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазо бо шарти зикр нашудани номаш 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ “зери назорати пизишкон аст. Наздиконаш аз аҳволи ӯ хабар мегиранд.”

Ба қавли ин мусоҳиби мо, “ягон фишор ё азият нест. То замони зиндонӣ шудан ҳам гирифтори бемории қалб будааст. Чанд рӯз пеш дарди дил якбора хуруҷ кард.”

Пайвандони Зубайдуллоҳи Розиқ тасдиқ карданд, ки ӯ то зиндонӣ шуданаш дар соли 2015 як дафъа дилашро табобат карда буд.

Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “падарам нӯҳ сол боз бо синни боло дар маҳбас аст. Шароит ҳатман таъсир мерасонад. Як бародарам дар дохили кишвар аст. Доруҳои заруриро бо машварати пизишкон ба ӯ мерасонад.”

Зубайдуллоҳи Розиқ дар соли 2015 дастгир ва ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва аъзои дигари ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, ки онро ошӯби нофарҷом меноманд, гунаҳкор кардаанд. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсӣ берун рондани худу тарафдоронашон донистанд.

Ҳисомиддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, мегӯяд, бо назардошти солхӯрдагӣ ва бемории қалб мехоҳанд ба Сарраёсати иҷрои ҷазо, ниҳоди тобеи Вазорати адлия, нома навишта, озодии пеш аз муҳлати падарашро дархост кунанд. Ин дар ҳолест, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ҳанӯз соли 2021 дар номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, барои бозбинии парвандааш “дар ҳузури коршиносону нозирони байнулмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ” мусоидат кунад, вале посухи мусбат нагирифт.

Дар як соли охир дар зиндони шаҳри Ваҳдат марги ду узви пешини ҲНИТ сабт шудааст. Муҳаммадалии Файзмуҳаммади 65 сол ва Ҷалолиддин Маҳмудов 63 сол доштанд.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button