СЕҲРУ ҶОДУ БО … ХУНИ МУРҒ: БОЗДОШТИ БОЗ ДУ ЗАНИ ФОЛБИН ДАР ҚУБОДИЁН (3 АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 7 августи соли 2024 аз боздошти ду зани фолбин дар ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки ба гуфтаи милитсия, аз ҷумла ба воситаи рехтани хуни мурғ ба бахткушоӣ ва сеҳру ҷодугарӣ машғул будаанд.
Милитсияи Хатлон гуфт, “имрӯзҳо мутаассифона, бо вуҷуди ҳама таъкидҳо ва нашру намоиши барномаҳои зиёд оид ба мардумфиребии ашхоси фолбину сеҳргар, боз ҳам пайдо мешаванд ашхоси хурофотпарасте, ки дар ҳоли дучори мушкилӣ шуданашон дарҳол ҷониби фолбинҳо мешитобанду бозори ин қаллобонро гарм месозанд”.
Аз ҷумла кормандони милитсияи ноҳияи Қубодиён дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон:
- Аннакова Дилдор Қурбоназаровна, соли таваллудаш 1969,
- Назарова Малика Холмуродовна соли таваллудаш 1972, ҳарду сокини ноҳияи Қубодиёнро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир кардаанд.
Худи дастгиршудаҳо ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия мегӯяд, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар манзили истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул намуда, бо воситаи рехтани хуни мурғи сиёҳ ва сафед бахткушоию фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ ба «гармиву хунуккунӣ» машғул будаанд”.
Зимни санҷиш аз манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуда, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Дилдор Аннакова ва Малика Назарова тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Ҳарду қазия ҳоло дар дасти баррасии додгоҳ қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 6 августи соли 2024 хабар дод, ки кормандони шуъбаи дуюми милитсия (ШВКД-2)-и ноҳияи Сино шаҳрванд Шакарова Савзамо Сафоловна, санаи таваллудаш 25.03.1966, сокини пойтахтро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир кардаанд.
Худи Савзамо Шакарова ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия “номбурда бо истифода аз қарта ба фолбинӣ ва бахткушоии шаҳрвандон машғул буд. Зимни санҷиш аз манзили истиқоматии ӯ як қатор предметҳои барои чунин амалҳои хурофотӣ истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд”.
Нисбат ба Савзамо Шакарова тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Ёдовар мешавем, моҳи июни соли ҷорӣ ҷазо барои фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон сахттар карда шуд. Ҳоло тибқи таҳрири нав ва тағйироти воридгардида ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазоҳо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (мутаносибан аз 5760 сомонӣ то 7200 сомонӣ, яъне аз 550 то 650 доллар) ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешбинӣ карда шудаанд.
Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин тараф маъракаи густардаеро ба зидди фолбинҳо, ҷодугарон ва дуохонҳову ҷинбарорҳо ба роҳ андохта, дар ин ним соли гузашта садҳо нафарро дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо чунин иттиҳом дастгир кардааст. Сокинон мегӯянд, як бахши аъзами муҷозотшудагон аз идомаи ин пеша даст кашидаанд, қисми дигар ба ин кор идома медиҳанд, вале ба таври пинҳонӣ ва бо эҳтиёти зиёд, то дигарбора ба даст наафтанд.