ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ДУ РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 НОБОЛИҒ ҒАРҚ ШУДААНД

7 августи соли 2024, тахминан соати 00:31, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Як мошини тамғаи ВАЗ 2114, ки аз ҷониби як сокини 38-солаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати Лахш идора мешуд, ҳангоми убур аз пули мошингузари деҳаи Каёндеҳ ба канали Ғулама сарозер гашт.

Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. 

Бар асари ин рӯйдод як духтарчаи 4-сола дар оби канал ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.

Соати 01:45 ҷасади ноболиғ аз тарафи сокинон пайдо карда ва ба пайвандонаш супурда шуд.

****    ****    ****

Мувофиқи маълумоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд рӯзи 7 августи 2024, тахминан соати 10:30, як духтари 16-сола, сокини шаҳраки Зарафшон-2, ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Айнӣ дар дарёи Фон афтодаву ғарқ шудааст. 

Бо дарёфти хабар, дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, даст ба корҳои ҷустуҷӯӣ заданд. То торикӣ ҷустуҷӯҳо идома дошт, вале бенатиҷа.

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади духтари ноболиғ аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуд.

Маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад.

****    ****    ****

6-уми августи соли ҷорӣ ба раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи  шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳавзи “Мехкарер” нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст. Ба ҷойи ҳодиса ғаввосони раёсати шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Дар натиҷаи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣт соати 18:36 ҷасади ғарқшуда аз об берун оварда шуд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини 19-солаи маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт буда, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷасад ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхис супурда шуд. 

*****     *****    *****

6 августи соли 2024, тахминан соати 16:40, як тифли дусола аз деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ аз беаҳмиятии волидайн дар ҷӯйбори назди хонаашон афтида ғарқ шудааст.

*****     *****    *****

6 августи соли 2024, соати 09:54, ҷасади як сокини 75-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки аз 5-уми август бедарак шуда буд, пайдо карда шуд. Маълум гардид, ки ӯ рӯзи 5 август ҳангоми ҳаракат ба самти дараи Боғев аз уҳдаи идораи мошини тамғаи УАЗ набаромада, дучори садама шудааст ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

****    ****    ****

Тибқи маълумоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, 7 августи соли 2024, соати 17:25, як зани 33-солаи сокини кӯчаи Айнии ҷамоати деҳоти Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Сир ҳаво додааст.  Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хуҷанд сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ин занро аз марг наҷот доданд. Сабаби қасди ҷон кардани бонуи 33-сола маълум нест.

Маркази матбуоти КҲФ ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button