ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ВИЗА БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН АЗ 10 АВГУСТ БЕКОР МЕШАВАД, ВАЛЕ ҲАНӮЗ БА ЯК ШАКЛИ НИМКОЛА

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6 августи соли 2024 дар як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки шурӯъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид (виза) барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад. Аммо маълум мешавад, ки виза байни ду кишвар пурра бардошта нашудааст, балки танҳо барои мусофироне, ки мустақиман аз Душанбе ба Теҳрон ва аз пойтахти Эрон ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунанд.

Бино ба иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд. Аммо вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки дар марҳалаи аввал низоми бераводид танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Яъне онҳое, ки аз тариқи кишварҳои сеюм ё тавассути марзҳои заминӣ, ё бо роҳи Машҳад ба Эрон мераванд, ҳанӯз наметавонанд аз ин имкони сафарҳои бидуни виза баҳра бардоранд ва ҳамчунон ба гирифтани виза зарурат хоҳанд дошт. Ин дар ҳолест, ки роҳи аз ҳама маъмул барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон маҳз парвозҳо байни Душанбеву Машҳад буд.

Мутаассифона, касе шарҳ надодааст, ки роҳандозии сафарҳои бидуни раводид аз тариқи  парвозҳои Душанбе-Машҳад чӣ мушкил дошт, ки онро ба қафо андохтанд? Ва оё кай низоми бидуни раводид байни Тоҷикистону Эрон ба шакли комилаш мавриди амал қарор мегирад, на ба ин шаклу сурати нимкола ва ҳатто масхара, ки танҳо барои мусофирони парвозҳои Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе.

Ширкати “Сомон Эйр” моҳи феврали соли 2023 эълон карда буд, ки ба анҷоми парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон шурӯъ мекунад. Қарор буд, ки ин парвоҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат бигиранд. Дар бораи инки оё ин парвозҳо то ҳол ба сурати мунтазам идома доранд ва оё ягон ширкати эронӣ низ байни пойтахтҳои ду кишвар парвоз анҷом медиҳад ё на?, маълумоте нашр нашудааст.

Тавофуқ дар мавриди бекор кардани виза байни Тоҷикистону Эрон дар поёни соли 2023 дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури вақти Эрон Иброҳим Раисӣ аз Душанбе эълон шуд. Раисӣ амалӣ шудани ин тавофуқро надид. Ӯ 19 майи соли 2024 бар асари суқути чархболаш дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрону Озарбойҷон ба ҳалокат расид.

Тавофуқ дар мавриди бекор кардани виза байни Душанбеву Теҳрон дар пайи чандин соли танишҳои мудавом байни раҳбарияти кунунии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломӣ буд. Дар Эрон Тоҷикистонро ба пинҳон кардани миллиардҳо доллари аз фурӯши нафти Эрон ба даст овардаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ айбдор мекарданд. Душанбе инро рад мекард ва ба навбати худ мақомоти Ҷумҳурии исломиро ба пуштибонӣ аз мухолифони исломии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон айбдор карда, ба ин далел, ҳатто чанд сол ба унвони яке аз кишварҳои асосгузори Созмони ҳамкории Шанхай монеи ба ин созмон пазируфтани Эрон шуда буд.

Зоҳиран ин ихтилофҳо билохира ҳалли худро пайдо карданд, чунки Эрон соли 2023 билохира ба Созмони Шанхай пайваст ва ҳукми қатли Бобаки Занҷониро ҳам ба далели ба Ҷумҳурии исломӣ баргардонда шудани пулу дороиҳои дар хориҷ пинҳонкардааш бекор карданд. Ин ба маъноест, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон билохира бар сари ҳам масъалаи “пулҳои дуздидшудаи Бобаки Занҷонӣ” ва ҳам мухолифини исломии Эмомалӣ Раҳмон ба як навъ созише, ки ҳарду тарафро қонеъ бисозад, расидаанд.

Ба назари коршиносон чунин мерасад, ки Теҳрон дар ин муомила ҳифзи манфиатҳояш дар Тоҷикистон, даричаи асосиаш барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказиро бар идомаи пуштибонӣ аз ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизбе, ки дар Тоҷикистон расман мамнӯъ шуда, аз саҳнаи сиёсии ин кишвар ронда шудааст,  бартарӣ дод ва ин, ба бовари онҳо, меҳвари воқеияти навест, ки бинои нави равобити Душанбеву Теҳрон дар дурнамо, ҳадди ақал дар дурнамои кӯтоҳфурсат, бар пояи ҳамин воқеиятҳо таъмир хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button