
Телеграм-канали “Тут Чечня” рӯзи 6 августи соли 2024 ду видеои такондиҳандаи латтукӯби як ҷавони муҳоҷир барои гап партофтанаш ба як духтари чеченро нашр кард. Дар видеои аввал дида мешавад, ки се нафар як ҷавони ришаш кӯтоҳро ба канори ҷангалзор ё боғ мебаранд ва яке аз онҳо он ҷавонро ба замин афтонда, зери мушту лагат мегирад.
Дар видеои дуюм ин ҷавони сару рӯяш хуншорро дар иҳотаи издиҳом мебинем ва дар ҳолате, ки як марди ҷавони тануманд ва дар сараш бейсболка ӯро аз гарданаш дошта, “мефаҳмонад”, ки ҳар касе, ки ба ягон духтари чечен гап партояд, ба чунин ҳол гирифтор хоҳад шуд.
Ин мард, ки ҳатто рӯяшро ҳам пинҳон намекунад, мегӯяд: “Инҷо миллатчигӣ нест, мо ба ҳама бо эҳтиром ва мисли бародар муносибат мееунем. Вале агар касе ба духтари чечен наздик шавад, қасам ба Аллоҳ, бо ӯ чунин хоҳем кард. Ва ин ҳанӯз танҳо аввалаш аст”.
Баъди ин суханон ӯ аз ҷавони латтукӯбшуда мепурсад ки: “Ту фаҳмидӣ?” Ҷавон бо сару рӯи хуншор ва чеҳраи пур аз тарсу ҳаросаш бо аломати ҳа сар меҷунбонад ва ӯро сар медиҳанд.
Кай ва дар куҷо сурат гирифтани ин ҳодиса маълум нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки оё он ҷавонро бо ҳамин ҷавоб доданд ё на? Оё баъд бо ӯ чӣ шуд? Дар бораи ягон навъ вокуниши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон ба ин мавриди ба чунин сурати ошкор худсарона ҷазо додани як муҳоҷир, яъне “самосуд”, хабаре ба даст нарасидааст. Ин дар ҳолест ки қонунҳои Русия ва Чеченистон худсарона ҷазо доданро ҷиноят эътироф мекунанд.
Нашрияи русии ОСН (Общественная служба новостей) хабар додааст, ки ин ҳодиса дар Чеченистон рух дода, он ҷавони латтукӯбшуда аз Тоҷикистон аст. Аммо нашрия дар мавриди аз Тоҷикистон будани он ҷавон як далели мустанад наовардааст.
Қаблан ҳам дар бораи чунин мавридҳои нофаҳмиҳо байни зодагони Чеченистону Тоҷикистон дар заминаи гаппартоӣ ба духтарони чечен хабарҳо ба даст расида буд.
Аз ҷумла моҳи июни соли 2024, Хисрав Файёзов, соли таваллудаш 1996, зодаи деҳаи Мдехарв аз кӯҳистони Ванҷи болои ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар фурӯшгоҳи “Рубин” ба як духтари чечен гап партофт ва духтар аз ин нороҳат шуда, Хисравро бо телефонаш сабт карда, ба ҳамватанҳояш фиристод.
Се марди чечен Хисрав Файёзовро барои баҳси ин масъала ба ҳамон фурӯшгоҳи “Рубин” даъват карданд, вале баҳси онҳо ба занозанӣ печид ва Хисрав, ки бачаи машқӣ ва хеле нотарс буд, чеченҳоро латтукӯб кард. Баъди ин яке аз чеченҳо пистолет баровард, вале ҷавони ванҷӣ пистолети ӯро ҳам кашида гирифта, ду чечени дигарро чанд зарбаи корд зад.
Чеченҳо ба пулис ариза навиштанд ва пулис шабона Хисрав Файёзов ва ду ҳамдеҳааш Абдулло Алиев ва Шерафкани ноболиғро аз ҷои хобашон дастгир карда, ба зидди онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушод. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл, ё то 5 сол корҳои маҷбурӣ ваё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба дунбол, рӯзи 20 июни соли 2024 дар шаҳри Твер мулоқоти намояндагони пурнуфузи ҷамъиятҳои зодагони Чеченистон ва Ванҷ баргузор шуд. Ду тараф дар ин мулоқот ба ҳамдигар даст дода, барои ҳамаи ончӣ ки гузашт, узр пурсиданд.
Воизи маъруфи зодаи Ванҷ Қорӣ Муҳаммаднаим дар ин мулоқот ҳодисаи гузаштаро “фитна” ва ҳадафи онро “коштани тухми нифоқ дар байни ду мардум” номид, вале итминони хотир дод, ки “ин ду халқ (яъне тоҷикҳо ва чеченҳо) дӯсту бародар буданд ва дӯсту бародар хоҳанд монд” ва “як мушт шуда, миёну гардани шайтонро мешикананд”.
Манобеи огоҳ аз натиҷаҳои музокирот дар Твер ба “Бомдод” хабар дода буданд, ки чеченҳо барои латтукӯби навраси бегуноҳи ванҷӣ, ки ҳамагӣ 17 сол дошт, узр пурсиданд. Ин наврасро чанд чечен латтукӯб карда, талаб кардаанд, ки барои ҳодисаи гаппартоӣ ба як духтари чечен узр бипурсад. Он ҳам дар ҳоле ки ин наврас дар як шаҳри дигари Русия буд ва ба ончӣ, ки дар Твер рух дода буд, ягон муносибат надошт ва аз он ҳодиса ҳатто хабар надошт.
Дар масъалаи се зодаи ноҳияи Ванҷ –Хисрав Файёзов, Абдулло Алиев ва Шерафкани и 17-сола, ки пайи муноқиша бо чеченҳо бо иттиҳоми авбошӣ ҳабс шудаанд, ҷонибҳо чунин тавофуқ карда буданд, ки чеченҳое, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузаранд, аризаи худро аз пулис пас мегиранд ва ҳарду тараф муштаракан барои озод кардани ин се ҷавони ванҷӣ адвокатҳои бақувват ва босалоҳият киро мекунанд. Аммо то имрӯз дигар маълум нашуд, ки оё он се ҷавони ванҷиро аз ҳабс озод карданд ё на?