Чор сол пеш, субҳи барвақти 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Тойота Ланд Крузер-200” Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва мусофири дигари мошин – Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Бо гузашти чор сол аз марги фоҷиавии овозхони маҳбуб касе барои он садамаи марговар ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Парвандаи ҷиноӣ ба зидди гумонбари асосӣ: ронандаи ҷип Ислом Анварзодаро алакай ду моҳ баъди марги Баҳром “бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштанаш” боздоштанд. Дар ин чанд сол гумонбар барвақт аз “ҳолати вазнин” баромад, вале дигар касе дар фикри тафтиши дубораи ин парванда нашуд….
Гумонбари асосӣ дар ин парванда Ислом Анварзода, писари Анвар Қурбонов, маъруф ба “Анвари Текстил”, мудири кулли корхонаи нассоҷии Душанбе буд. Мақомот Анварзодаро ба он айбдор карданд, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастааст ва ба болои ин, мошинашро бо суръати хеле баланд ронда, сабабгори садамаи марговар шудааст. Ӯро билофосила аз мансаб барканор карданд ва баъди чанде хабар омад, ки гӯё табибон як дасти Анварзодаро буридаанд. Чанде баъди дигар хабар расид, ки Ислом Анварзодаро барои идомаи табобат ба хориҷи кишвар фиристодаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки 10 августа соли 2020 бар асоси қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Анварзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, вале “ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст”.
Ба бовари бисёриҳо, Ислом Анварзодаро хешовандони бонуфузаш бо мақсади халос кардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз Тоҷикистон гурезонда буданд.
Баҳроми Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омада, риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Ӯ дар миёнаҳои солҳои 90 ба овозхонӣ пардохт, вале авҷи шуҳраташ аз авоили солҳои 2000 оғоз ёфта, Баҳроми Ғафуриро дар қатори Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Манижаи Давлат, Сироҷиддини Фозил, Сӯҳроби Сафарзод, Меҳрубони Равшан, Ҷонибеки Мурод ва як зумраи дигар ба яке аз намояндагони барҷастаи насли тиллоии эстрадаи тоҷики аввали асри 21 табдил дод.
Баҳроми Ғафурӣ аз худ 10 албоми таронаҳо боқӣ гузошт. Ӯ ҳамчунин дар озмунҳои мусиқӣ унвонҳои ифтихории “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин”-ро соҳиб шуда, соли 2009 дар озмуни байналмилалии Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.
Яке аз таронаҳои аз ҳама машҳури Баҳроми Ғафурӣ “Муҳоҷирбача” бар матн ва оҳанги Фарҳоди Милод буд, ки дар тӯли солиён гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик дониста мешуд.
Баҳроми Ғафурӣ танҳо ҳунарманди тоҷик нест, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева ва соли 1991 Наргис Бандишоева бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд. 5 феврали соли 2022 боз ҳам дар садамаи нақлиётӣ дар канори Хуҷанд овозхони ҷавон Дамирбек Олимов ба ҳалокат расид.