ЯҲЁ СИНВОР ДАР ПАЙИ КУШТА ШУДАНИ ИСМОИЛ ҲАНИЯ РАҲБАРИ НАВИ ҲАМОС ЭЪЛОН ШУД
Раҳбарони ҲАМОС рӯзи 6 августи соли 2024 исми раҳбари нави қаноти сиёсии ин гуруҳи фаластиниро эълон карданд. Ба ҷои Исмоил Ҳания, ки шаби 31 июли соли 2024 дар Tеҳрон кушта шуд, Яҳё Синвори 61-сола, ки то кунун раҳбарии дафтари сиёсии ҲАМОС дар навори Ғазаро бар уҳда дошт, раҳбари нави тамоми ин ҳаракат эълон шуд.
“Ҷунбиши муқовимати исломии ҲАМОС эълон мекунад, ки Яҳё Синвор раҳбари қаноти сиёсии ҷунбиш интихоб шуд”, — гуфта мешавад дар изҳороти ин гуруҳ, ки назорати сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро дар даст дорад.
Яҳё Синвор 29 октябри соли 1962 дар шаҳри Хон-Юнус дар ҷануби навори Ғаза дар оилаи гурезаҳо аз шаҳри Маҷдал (ҳоло – шаҳри Ашкелон дар қаламрави Исроил) ба дунё омада, риштаи забони арабии Донишгоҳи Ғаззаро хатм кардааст. Синвор яке аз асосгузорони қаноти ҳарбии ҲАМОС ба шумор рафта, дар ин ҳаракат раҳбарии гуруҳи вижаеро дар даст дошт, ки ба таъқиби ҷосусони исроилӣ дар байни фаластиниҳо машғул буд.
Яҳё Синвор соли 2017 раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС дар навори Ғаза шуд. Ӯ се маротиба ва дар маҷмӯъ 24 сол дар зиндонҳои Исроил адои ҳукм кардааст. Аз ҷумла бори охир Синворро дар Исроил ба 4 ҳукми ҳабси умрбод маҳкум карда буданд.
Ӯ соли 2011 дар қатори қариб 1000 маҳбуси фаластинӣ дар ивази раҳоии сарбози исроилӣ Гилод Шалит, ки чандин солро дар асорати фаластиниҳо ба сар бурд, аз маҳбас озод шуд.
Бисёриҳо маҳз Яҳё Синворро яке аз ташкилкунандагон ва тарроҳони асосии силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи рӯзи 7 октябри соли 2023 ба Исроил мешуморанд, ки боиси ҳалокати ҳудуди 1200 нафар ва асир гирифтани беш аз 200 кас шуд. Баъди ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил дар ТСАХАЛ (артиши Исроил) гуфта буданд, ки “Синвор дигар як ҷасад аст”, яъне аз байн бурда хоҳад шуд.
Тайи 10 моҳи охир Яҳё Синвор ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашудааст ва макони будубошаш низ маълум нест, вале бовар меравад, ки ӯ ҳамчунон дар қаламрави навори Ғаза, ки нирӯҳои Исроил инак беш аз 10 моҳ боз дар инҷо ба амалиёти поккорӣ идома медиҳанд, пинҳон шудааст.
Эълони номи раҳбари нави ҲАМОС дар пасманзари ташаннуҷи навбатии вазъ дар Ховари Миёна сурат гирифт. Эрон ва муттаҳидонаш Исроилро дар қатли раҳбари пешини ҲАМОС Исмоил Ҳания айбдор карда, ваъдаи “интиқоми ногузир” додаанд.
Мақомоти Исроил то кунун дар бораи қатли Ҳания чизе нагуфтаанд. Вале вазири корҳои хориҷии Исчроил Исроил Катс шоми 6 август хостори “ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани Синвор” шуд. Ӯ дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) навишт: “Таъйин террористи асосӣ Яҳё Синвор ба мақоми раҳбари нави ҲАМОС ба ҷои Ҳания боз як далели қотеъ аст, ки бояд ӯро ҳарчӣ зудтар аз байн бурд ва ин созмони манфурро аз рӯи замин бояд пок кард”.
Исмоил Ҳанияи 62-сола ва муҳофизи ӯ шаби 31 июли соли 2024 дар Теҳрон кушта шуданд. Ҳания барои иштирок дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён ба пойтахти Ҷумҳурии исломӣ омада буд. Бино ба хабарҳо, Ҳанияву муҳофизаш соати дуи шаб бар асари ҳамлаи мушакӣ ба манзиле, ки ӯ ҳангоми боздидаш аз Теҳрон дар он ҷо қарор дошт, кушта шуданд. Эрон ва ҲАМОС Исроилро дар куштори Ҳания айбдор мекунанд.
Исроил расман масъулияти куштори Ҳанияро ба дӯш нагирифтааст. Аммо вазири умури Байтулмуқаддас ва мероси Исроил Амихай Элияҳу ҳамон рӯзи 31 июл гуфта буд, ки қатли Исмоил Ҳания “як шеваи дурусти тоза кардани дунёст”. “Марги Ҳания ҷаҳонро беҳтар мекунад” — таъкид карда буд ин вазири исроилӣ.
Исмоил Ҳания аз соли 2017 раҳбарии дафтари сиёсии ҲАМОСро дар даст дошт ва аз ҳамон вақт дар Қатар ба сар мебурд. Моҳи апрели соли 2024 дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба навори Ғаза 3 писар ва 4 набераи Исмоил Ҳания кушта шуданд. Вале Ҳания дар вокуниш ба марги пайвандонаш гуфт, ки ин мусибат ӯро аз роҳи муборизааш мунсариф нахоҳад кард.
Вазъи Ховари Миёна аз 7 октябри соли 2023, дар пайи ҳамлаи нирӯҳои ҲАМОС аз навори Ғаза ба хоки Исроил ва гаравгон гирифтани беш аз 200 нафар муташанниҷ гардид. Дар посух Исроил ба навори Ғаза ҳамла овард ва то имрӯз, бино ба ҳисобҳо, даҳҳо ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла шумори зиёди занону кӯдакон, кушта шуданд.
Қатли Исмоил Ҳания дар ҳоле сурат гирифт, ки талошҳо барои расидан ба оташбас дар Ховари Миёна ва табодули гаравгонҳои исроилӣ бо маҳбусони фаластинӣ идома дошт, вале ин ҳодиса шонси оташбас дар минтақа ва табодули гаравгонҳо бо маҳбусонро боз ҳам ба як муддати номаълум ба ақиб андохт.