ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХОВАЛИНГУ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ ҶАВОНЗАНУ ДУХТАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 7 августи соли 2024
Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар Ховалинг ва Истаравшан
5-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Камолов Аҳтам Исупович, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Азимова Султонбӣ Дӯстмуродовна, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарча ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми августи соли 2024, тахминан соати 18:15, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра-Караван», Ҳоҷиев Акбар Аҳмадович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар километри 228-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пошкент дар канори шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ба канори шоҳроҳ баромада, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷа, худи ронандаи “Опел” Ҳоҷиев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Даст ба дуздӣ задани ҷавонзани 25-сола ва духтари 17-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-сола бо духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, 14-уми июли соли 2024 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

