БОЗДОШТИ ХУРШЕД БАРОИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҚАЛЛОБ БО ҚИТЪАИ ЗАМИН ДАР ТУРСУНЗОДА
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 6 августи соли 2024
Дастгир гардидани марди 28-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми августи соли 2024, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Н.Ҳувайдулоеви шаҳри Душанбе “Хуршед” ном шахс бе ягон асос бо ӯ муноқиша намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо корд ӯро таҳдид намуда, телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг А 7”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-
ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба қитъаи замин
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 69-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2020, марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз дохили ҳавлии истиқоматиаш 6 сотих қитъаи заминашро гирифта, манзили истиқоматӣ бунёд намуда, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 10 ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.