БАНГ ЗАДА БУД… ЯКБОРА 4 ҚОНУНШИКАНИИ ЯК РОНАНДА ДАР БОХТАР (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 6 августи соли 2024 дар бораи ошкор шудани якбора 4 қоидавайронкунии як ронанда хабар дод. Маркази матбуоти милитсияи Хатлон гуфт, сокини 39-солаи шаҳри Бохтар Дилшод Азизқулов дар ҳолати истеъмоли маводи мухаддир пушти фармони мошин нишастааст. Бар илова, ӯ мошинашро бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақами бегона мероннд. Ба болои ин ҳама, аз дохили мошини Азизқулов ҳашишу бангдона ёфтаанд!
Милитсия гуфт, ин 4 қонуншикании як ронанда дар ҷараёни яке аз рейдҳои кормандони БДА ошкор карда шуд. Гуфта мешавад, дар доираи чунин як чорабинӣ мошини тамғаи “Ҳундай-Аванте” бо рақами қайди давлатии 64 48 СА 01, ки таҳти идораи ронанда Азизқулов Дилшод Ҷӯраевич, соли таваллудаш 20.10.1985, сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар, қарор дошт, барои санҷиш боздошта шуд.
Худи Азизқулов ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи вилояти Хатлон, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронанда дар ҳолати истеъмоли воситаи нашъадор қарор дошта, бе иҷозатномаи махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ бо оинаи сиёҳкардашуда ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона воситаи нақлиётро идора менамуд. Ҳамзамон дар вақти кофтукови дохили автомашина аз бордон як миқдор воситаи нашъадори навъҳои ҳашиш ва бангдона низ дарёфту мусодира карда шудааст”.
Дар ҳоли ҳозир, вобаста ба далелҳои болозикр нисбат ба ронанда Азизқулов Дилшод маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.
Милитсияи Хатлон таъкид кардааст, ки риояи ҳатмии талаботҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ягона василаест, ки ҳам ронандагон ва ҳам мусофиронашонро сиҳату саломат ба манзил мерасонад. Дар ғайри ҳолат, яъне нодида гирифтани талаботи қоидаҳои ҳаракат, ба ҷони худи ронанда, мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат хатари ҷиддӣ ба бор меорад.

