ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ ВАЗИРИ СОБИҚ: ЗАНГ ЗАДЕМ, ДАР ҶОИ КОРАШ БУД… (ВИДЕО)

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 5 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш гузориши пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи моҳе пеш барои чанд рӯз боздошт шудани раҳбари қаблии вазорати тандурустӣ Насим Олимзодаро рад кард, вале ягон далели қотеъ наовард ва забон хоид, ки “вазорат оид ба боздошти ин ягон иттилоот надорад”. Ғайри чашмдошти вазири кунунӣ, худи Насим Олимзода дар нишасти хабарии вазорат иштирок надошт, то ки ба сарусадоҳо дар бораи боздошташ мустақиман посух диҳад.
Манобеи “Бомдод” қаблан хабар дода буданд, ки Насим Олимзодаро рӯзи 27 июн боздошт ва рӯзи 4 июл раҳо кардаанд ва ӯ, ки як ҳафта сари кор набуд, танҳо субҳи 5 июл ба ҷои кораш ҳозир шудааст. Олимзода, ки аз соли 2017 то 2020 вазири тандурустӣ буд, баъди барканориаш, инак 4 сол боз дар мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон кор мекунад.
Дар нишасти хабарии вазорат дар посух ба суоли журналист Иршод Сулаймонӣ дар мавриди боздошти Насим Олимзода, Ҷамолиддин Абдуллозода чунин гуфт: “Дар ҳамин ҷо бояд Насим Хоҷаевич бошанд. Нестанд? Ҳамин субҳ (5 август) мо соати 8 ҷаласа гузарондем бо иштироки бевоситаи раҳбарони марказҳои илмии сохторҳои вазорати тандурустӣ, ки дар ҳамин ҷаласа Насим Хоҷаевич низ иштирок доштанд. Оид ба боздошти ин вазорати тандурустӣ ягон иттилоот надорад. Ҳамон иттилооте, ки дар шабакаҳои интернетӣ буд, мо ҳамон рӯз бо роҳбари ин муассиса ҳамсуҳбат шудем ва дар ҷои кор фаъолият доштанд. Дар бораи боздошти ин вазорати тандурустӣ ягон маълумот надорад. Вақте ки мо дар он саҳифаҳои интернетӣ дидем, ҳатман телефон кардем, вай кас дар ҷои кораш фаъолият доштанд, кор мекарданд…”
Аммо Ҷамолиддин Абдуллозода шарҳ надод, ки агар хабари боздошти раиси Пажӯҳишгоҳи вобастаи вазораташ ва он ҳам нафаре, ки қабл аз ӯ вазир буд, воқеият надошт, пас чаро тавассути маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ягон раддияи расмӣ нашр накарданд?
Худи Насим Олимзода низ бо гузашти инак ҳудуди 40 рӯз аз нашри хабари боздошташ ягон бор дар ин бора изҳори назар накарда, ин сарусадоҳоро рад ё тасдиқ накардааст.
Бино ба иттилои манбаъҳои пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Душанбе, Насим Хоҷа Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, шоми 4 июл аз ҳабс озод шуд.
“Аз 27 июн дар ҳабс қарор дошт. Шоми панҷшанбе озодаш карданд ва субҳи ҷумъа, 5 июл ба ҷои кораш дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология ҳозир шуд”, – хабар дод як манбаъ аз Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология. Аммо ин ҳамсуҳбати “Бомдод” аз сабаби боздошти вазири собиқ ва мушаххасан ба чӣ айбдор ё гумонбар шуданаш изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ба шуниди ман, ҷаримаи калон шудааст. Барои чӣ? Ростӣ, намедонам”.
Қаблан ду манбаи гуногун, аз ҷумла яке аз хешовандони наздики Насим Олимзода ба “Бомдод” хабар доданд, ки ӯро дар поёни моҳи июн дастгир карданд. Хешованди наздики вазири собиқ бо тасдиқи хабари боздошти Олимзода дар мавриди ин ки Насим Олимзодаро бо чӣ иттиҳоме ва кадом ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ дастгир кардааст?, изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ба парвандаи вазири собиқи тандурустӣ муҳри махфӣ задаанд.
Боздошти Насим Олимзода дар пайи бозҷӯӣ шудани даҳҳо тан аз мансабдорони дар гузашта дар баландпоя ва боздошти бархеи онҳо дар чорчӯби парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, сурат гирифт. Усмонзода рӯзи 12 июн бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт шуд. Аммо яке аз наздикони Насим Олимзода баъдан гуфт, ки боздошти ӯ ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт надошт, балки марбут ба иттиҳомоти коррупсионӣ будааст.
Доктори илмҳои тиб, профессор Насим Хоҷа Олимзода 20 августи соли 1964 дар Кӯлоб ба дунё омада, соли 1988 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби бемориҳои қалб (кардиолог) хатм кардааст. Насим Олимзода аз соли 1988 то 1995 дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб кор карда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсил кардааст. Ӯ рисолаи номзадиашро соли 1998 дар Петербург ва рисолаи докториашро соли 2009 дар Маскав ҳимоят кардааст.
Олимзода аз соли 1999 то 2014 ба ҳайси табибу, мудири бахши наҷот ва мудири кулли Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, як ниҳоди вобаста ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ва мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ кор кардааст.
Насим Олимзода аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 муовини вазир ва аз январи 2017 то 4 майи соли 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи майи соли 2020 дар рӯзҳои авҷи пандемияи коронавирус барканор гардид ва ба ҷои ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ таъйин шуд. Манобеи огоҳ барканории Олимзодаро ба камбудиҳои мавҷуда дар арсаи мубориза бо коронавирус рабт медоданд. Чанде баъд аз барканориаш Олимзода мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология таъйин шуд, ҳарчанд бемориҳои меъда ба ихтисоси ӯ, ки кардиолог, яъне табиби бемориҳои қалб аст, рабт надорад.