ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

СЕЛИ САХТ ДАР ДЕҲАИ ЗУГВАНДИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ДАҲҲО ХОНАРО ЗЕРИ ОБ КАРД (ВИДЕО)

Шоми 4 августи соли 2024, соати 19:08, бар асари боло рафтани ҳарорати ҳаво, дар деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги  ноҳияи  Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшон сатҳи об дар дарёи ин деҳаи кӯҳистонӣ низ хеле боло рафт ва даҳҳо манзилу ҳавлӣ ва боғу роғи сокинони Зугванд зери об монд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ касе осеб надидааст, вале 45 хонаводаро муваққатан ба маконҳои амнтар кӯчондаанд.

Субҳи 5 август комиссияи махсуси ҳукумати вилоят таҳти раҳбарии раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз минтақаи офатзада дидан кард ва бино ба иттилои дарёфтӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ бо мақсади ҳамоҳанг сохтани корҳои рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ озими деҳаи Зугванд шудааст.

Ин масъала: рафъи оқибатҳои сел дар Зугванд субҳи 6 август дар суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Алишер Мирзонабот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз Алишер Мирзонабот хост, то ба сокинони Зугванд расонанд, ки ҳукумат онҳоро дар ин лаҳзаи душвор танҳо намегузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Бадахшон бо истинод ба муҳтавои суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Алишер Мирзонабот навишт: “Сокинони  сарбаланди ин деҳаи  дурдасти кишвар, ки дар асари  офати табиӣ манзили зисташонро аз даст додаанд, эътимоди комил дошта бошанд, ки онҳоро ҳукумати кишвар бо манзили зисти наву тарҳи замонавӣ  таъмин хоҳад кард. Зикр гардид, ки барои зарардидагон аз ҳисоби фонди  Президенти мамлакат аз ҳамин рӯзҳо ба таври кофӣ  маводи ниёзи аввали рӯзгор дастрас карда мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раиси вилояти Бадахшон дастур додааст, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табииро  дар Зулванд зери назорати доимӣ қарор дода, барои хонаводаҳое, ки дар сели шоми 4 август манзилҳои истиқоматиашонро  аз даст доданд, “барои бунёди манзили нави зист дар ҷойи бехафв қитъаҳои замин ҷудо карда, корҳои сохтмониро дар ин иншоот тезонанд, то ки мардуми зарардида то мавсими зимистон соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд”.

Дар деҳаи Зугванд дар умум 111 хоҷагии иборат аз 968 ба сар мебаранд. Масоҳати замини кишт дар Зугванд ҳамагӣ 33 гектарро ташкил медиҳад. Аз 14 гектар замини наздиҳавлигии сокинони Зугванд дар сели шоми 4 авгут 8 гектар замине, ки дар он картошка кишта буданд, пурра хароб шуда, инчунин зиёда аз 4 километри роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ корношоям гардид.

Ҷамоати  Зонг, ки Зугванд ба ҳамин ҷамоат шомил мешавад,  аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим буда, иборат аз 5 деҳа бо 600 хоҷагӣ ва 6 ҳазор аҳолӣ мебошад. Ин мавзеъ аз сатҳи баҳр дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 800 метр қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button