
Генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов, собиқадори Кумитаи давлатии амният (КГБ), яке аз бунёдгузорони ниҳодҳои боҷхона, ё гумруки Тоҷикистон, раҳбари нахустини Кумитаи гумруки ин ҷумҳурӣ, субҳи 6 августи соли 2024 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Наздиконаш бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтанд, ки генерали собиқадор чанд вақти охир бемор буд.
Маросими намози ҷанозаи марҳум нимаи дуюми рӯзи 6 август, соати 18:00, дар вақти намози аср дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Худойқул Ҳамроқулов дар даврони Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои КГБ кор кардааст, вале номи ӯ бештар ба таърихи мақомоти боҷхона, ё гумруки Тоҷикистон бастагӣ мегирад. Генерал Ҳамроқулов дар оғози солҳои 90, дар пайи касби истиқлол кардани Тоҷикистон дар таъсис ва ташккули ниҳодҳои гумрукии Тоҷикистон саҳми умда дошт ва ба ҳайси нахустин раҳбари Кумитаи гумрук (ҳоло Хадамоти гумрук) амалан дар саргаҳи таъсиси ин ниҳод қарор дошт.
Худойқул Ҳамроқулов 25 марти соли 1947 дар деҳаи Фароб дар кӯҳистони ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, риштаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченкоро хатм кардааст. Ӯ ду соли аввали баъди хатми донишкада аз соли 1966 то соли 1967 ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ғарм (ҳоло Рашт) кор карда, сипас ба хидмати ҳарбӣ рафт. Баъди адои хидмати артиш дар минтақаи Закарпатйе дар ғарби Украина Худойқул Ҳамроқулов барои кор ба КГБ даъват шуд ва дар тӯли бешӣ аз 20 сол дар мақомҳои намояндаи КГБ дар назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди ваколатдори КГБ дар ноҳияи бо Афғонистон ҳамсарҳади Ленинград ( ҳоло Мӯъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори раёсати КГБ вилояти вақти Кӯлоб, муовини сардори раёсати КГБ вилояти вақти Қӯрғонтеппа ва ёрдамчии сардори раёсати КГБ вилояти Хатлон кор кардааст.
Худойқул Ҳамроқулов сипас ба низоми гумрук ба кор гузашта, дар мақомҳои сардори Сарраёсати назорати гумрукии Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ кор карда, сипас боз ба мақомоти амният баргашт ва муддате ҳамчун муовини вазири амнияти Тоҷикистон кор кард. Худойқул Ҳамроқулов як давра вакили парлумон ва мудири шуъбаи таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони парлумони Тоҷикистон буд ва як муддат дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият карда, солҳои охир роҳбари ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориент Адвентур” буд.
Худойқул Ҳамроқулов барои хидматҳояш бо ордени Спитамен ва рутбаҳои мушовири давлатии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дараҷаи 3 (баробар бо рутбаи генерал-майори Хадамоти гумрук), генерал-майори амният сарфароз гардонида шудаааст. Ӯ ҳамчунин дар мавзӯи “Рушди равобити иқтисодии хориҷӣ дар шароити иқтисоди давраи гузариш дар намунаи Тоҷикистон” рисолаи илмиашро ҳимоят карда, сазовори унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шуда буд.
Манбаи тарҷумаи ҳоли генерал Ҳамроқулов: сомонаи Пресса.Тҷ
