ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДАР НИМ СОЛ АЗ РУСИЯ 17 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААНД (ВИДЕО)

Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 6 августи соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ (депортатсия) кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода дар ин робита гуфт: “Бо назардошти ҳодисаҳои охир санҷишу рейдҳо дар сарҳад ва дохили Русия, ба таври бошиддат ва доимӣ роҳандозӣ шуда, бо сабабҳои гуногун қонунвайронкуниҳои қаблан содиршуда, риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират, надонистани забон, одоби ҷамъиятӣ аз қаламрави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бозпас гардонда шуда истодаанд. Тибқи маълумоти ҷониби Русия, танҳо дар 6 моҳи аввали соли равон ихроҷи зиёда аз 17 ҳазор ба қайд гирифта шудааст, ки ин 2,3 фоиз аз 730 ҳазор муҳоҷири тоҷики дар Русия қарордоди корӣ имзокардаро ташкил медиҳад”.

Аммо дар ҳоле ки вазири тоҷик ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро асосан ба қонунҳои муҳоҷиратро вайрон кардан ё забони русиро надонистану  одоби муоширатро вайрон кардани онҳо бастагӣ медод, ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар пайи ба даст доштан дар ҳамлаи террористии хунини моҳи март дар “Крокус Сити Ҳолл” айбдор шудани зодагони Тоҷикистон, муносибати мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо куллан тағйир ёфта, хӯрдагирии онҳо нисбат ба маҳз зодагони Тоҷикистон бештару ошкортар шудааст.

Садҳо муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда, аз ҷумла онҳое, ки аз хатти марзи он кишвар пас фиристода шудаанд, шикоят мекунанд, ки онҳоро бо баҳонаҳои хеле ночиз ва гоҳо беасос ба Русия роҳ надодаанд.

Гулнора Ҳасанзода дар нишасти хабариаш гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон наздики 393 ҳазор муҳоҷири корӣ ба хориҷ барои кор рафтаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қабл 16 фоиз камтар аст. Аз ин шумор қариб 387 ҳазораш, яъне беш аз 98 фоизи муҳоҷирони корӣ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд. Дар айни замон, 324 ҳазор муҳоҷири корӣ аз хориҷ ва боз ҳам асосан аз Русия ба Ватан баргаштаанд, ки ин назар ба як соли пеш 3 фоиз бештар будааст.

Ин омори мақомоти Тоҷикистон бо омори ҷониби Русия дар таноқуз аст. Нирӯҳои марзбонии ФСБ Русия ахиран гузориш доданд, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 977 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон марзи Русияро убур кардааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8 фоиз камтар аст.

Худи Гулнора Ҳасанзода ҳам бо такя ба омори ҷониби Русия хабар дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 672 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ниҳодҳои муҳоҷиратии он кишвар сабти ном шуда, 379 ҳазор патент ба номи шаҳрвандони Тоҷикистон дода шудааст ва ҷамъи патентҳои амалкунандаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба 644 ҳазор расидааст. Ҷониби Русия ҳамчунин дар бораи имзо шудани 730 ҳазор қарордоди корӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон омор додааст, вале хонум Ҳасанзода гуфт, як қисми ин қарордодҳо аз соли гузашта мебошад.

Бино ба ҳисобҳо, беш аз як миллион аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, бар илова, ҳудуди як миллион нафари дигар аз аҳолии қобили кори ин кишвар ҳар сол барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Пулҳое, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд, солона то чанд миллиард долларро ташкил дода, ҳамвазни буҷаи давлатии Тоҷикистон аст ва як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо ва ҳам як чархаи асосии гардонандаи аробаи  иқтисод дар ин фақиртарин кишвари собиқ СССР дониста мешавад.

Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия дар Тоҷикистон ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум шудани дастикам як хонавода ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button