ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

САРВАЗИРИ БАНГЛАДЕШ ШАЙХ ҲАСИНА ЗЕРИ ФИШОРИ ЭЪТИРОЗГАРОН АЗ КИШВАР ФИРОР КАРД (ВИДЕО)

мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шуд, аз мақом истеъфо дода, аз кишвар фирор кардааст. Бино ба хабарҳо, Шайх Ҳасина савори чархбол ба кишвари ҳамсояи Ҳиндустон паноҳ бурдааст. Шайх Ҳасина – духтари раҳбари ҳаракати озодихоҳӣ ва ҷудо шудани Бангладеш аз Покистон Мууибурраҳмон – 15 сол боз сарвазири Бангладеш буд ва ба тозагӣ, моҳи январи соли ҷорӣ, дар пайи пирӯзии навбатии ҳизбаш дар интихобот, бори чорум ба ин мақом интихоб шуда буд.

Дар пайи фирори Шайх Ҳасина, ҳукуматро дар Бангладеш ҳарбиён ба дасти худ гирифтанд. Фармондеҳи артиши Бангладеш генерал Вокир-уз-Замон истеъфои сарвазирро тасдиқ кард ва гуфт, акнун дар кишвар ҳукумати муваққат ташкил карда мешавад. Генерал гуфт, қасд дорад, бо президент Муҳаммад Шаҳобуддин мулоқот карда, то поёни рӯз ба тавофуқ даст биёбад. Ӯ гуфт, бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ алакай мулоқот кардааст. Вокир-уз-Замон аммо нагуфт, ки кӣ раҳбари ҳукумати оянда хоҳад шуд?

Генерал ба мардум ваъдаи адолат дод ва гуфт, онҳое, ки болои тазоҳургарон тир кушоданд, ҷазо дода хоҳанд шуд.

Эътирозҳо дар Бангладеш чанд ҳафта боз идома дошта, то имрӯз боиси ҳалокати қариб 300 нафар шуд. Танҳо рӯзи якшанбе, 4 август, дасти кам 90 нафар, аз ҷумла 18 тан аз тарафдорони ҳукумат ва 13 афсари пулис кушта шуданд. Афсарони пулис қурбони ҳамла ба як шуъбаи пулис дар шаҳри Сироҷганҷ, дар фосила тақрибан 100 километр шимолтари Дакка, пойтахти Бангладеш шуданд.

Рӯзи душанбе, 5 август тазоҳургарон вориди “Ганобхабана”, қароргоҳи сарвазир шуданд. Дар видеоҳо дида мешуд, ки тазоҳургарон ҳуҷраҳои кории вазирон хароб ва мошинҳои дар кӯча партофаи онҳоро чаппа мекунанд ва оташ мезананд. Дар қароргоҳи сарвазир тазоҳургарон ҳайкали Муҷибурраҳмон, падари Шайх Ҳасинаро низ барандохтанд. Яке аз тазоҳургарон ба ББС гуфт, ин мисли кандани Саддом Ҳусейн дар соли 2003 дар Бағдод буд.

Нирӯҳои артиш, тавре ба назар мерасад, баъди фирори сарвазир оҳи сабук кашиданд ва дигар тазоҳургаронро бо истифода аз силоҳ пароканда намекунанд.

Эътирозҳо дар Бангладешро донишҷӯён бо талаби аз байн бурдани квотаҳои фарзандони ветеранҳои ҷанг барои истиқлолият барои коргирӣ ба идораҳои давлатӣ оғоз карданд. Бо вуҷуди гузаштани беш аз 50 сол аз ҷанги Бангладеш бо Покистон фарзандону наберагони иштирокчиёни он ҷанг то ҳол аз имтиёзҳои фаровон бархӯрдоранд ва ин боиси зада шудани шанси боқӣ сокинони Бангладеш, аз ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар идораҳои давлатӣ мешавад.

Шайх Ҳасина қабл аз фирораш Интернетро дар саросари кишвар қатъ кард ва ба пулис дастури истифодаи тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба зидди эътирозгаронро дод. Зоҳиран ин охирин талоши ӯ барои ҳифзи қудрат буд, ки фоидааш накард.

Бино ба гузориши CNN, Шайх Ҳасинаи 76-сола дар пайи тарки кишвараш ба шаҳри Агартала дар шимолушарқи Ҳиндустон омадааст. Ҳиндустон ба ӯ ваъдаи амният додааст.

Шайх Ҳасина аз замони бори аввал сарвазир шуданаш дар соли 1996 ҳамеша бо Ҳиндустон равобити наздик дошт ва Ҳиндустон дар иваз аз ӯву ҳизби ӯ пуштибонӣ мекард. Шайх Ҳасина аз ҷумла майдонро дар Бангладеш барои фаъолияти гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ба зидди ҳукумати Ҳиндустон меҷангиданд,  танг карда, ба Ҳиндустон дар роҳи тиҷорат ва интиқолу молу маҳсулоташ имтиёзҳои фаровон дод. Ин ба интиқодҳо аз ҷониби мухолифин рӯбарӯ мешуд. Мухолифин бар ин буданд, ки Ҳиндустон бояд аз мардуми Бангладеш ҳимоят кунад, на аз як ҳизби алоҳида ва раҳбари он. Бангладеш кишварест дар Осиёи ҷанубӣ бо 171 миллион аҳолӣ. Ин кишвар, ки қариб тамоми марзаш бо Ҳиндустон буда, танҳо марзи кӯчаке бо Мянмар ва роҳи баромад ба халиҷи Банғола дорад, дар аввали солҳои 70-уми асри 20 бо кумаки ҳарбии Ҳиндустон аз Покистон ҷудо шуд. 98 фоизи аҳолии Бангладеш банғолиҳоянд. 89

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button