ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ЗАН ДАР УРМЕТАН ҲАНГОМИ АЛАФДАРАВӢ БА ДАРЁ АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳати 3 ва 4 августи соли 2024 дар вилояти Суғд се нафар ғарқ шудаанд.

Аз ҷумла рӯзи 3 август як зани 37-сола дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ҳангоми алафдарафӣ ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст.

Ҷасади як марди 65-солаи гирифтори бемории рӯҳиро ҳамон рӯз дар маҳаллаи Гунбази Исфара аз об берун кашидаанд ва як сокини 35-солаи деҳаи Шӯртанги ҷамоати Навгилеми Исфара рӯзи 4 август ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри Тоҷик” дар назди деҳаи Санҷидзори Конибодом ғарқ шудааст.

Ҳамин тавр, аз як хона дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт рӯзи якшанбе, ҷасади марди 59-соларо пайдо кардаанд. Иллати марги ӯро бояд акнун тафтишот муайян кунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соати нӯҳи субҳи шанбе, 3 августи соли 2024, як зани 37-солаи сокини ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ҳангоми алафдарафӣ лағжида, ба дарёи Зарафшон афтодааст.  Наҷотбахшон дар пайи чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади ин занро дар назди пули Дупулаи ҷамоати Ёрӣ дар канори шаҳри Панҷакент пайдо карда, аз об берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Урметан

Боз ҳамон рӯзи 3 августи соли 2024, соати 11, ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар додаанд, ки дар ҳудуди маҳаллаи Гунбази Исфара, дар соҳили дарё ҷасаде намудор шудааст. Ҷасадро аз об берун кашида, муайян кардаанд, ки ин ҷасади як марди 65-солаи маҳаллӣ аст, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва рӯзи 2 август аз хона баромада, бедарак шуда буд. Ҷасадро барои таҳқиқ ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара супурдаанд.

Ҳамчунин рӯзи якшанбе, 4 августи соли 2024, соати 15:00,  як сокини 35-солаи деҳаи Шӯртанги ҷамоати Навгилеми Исфара ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри Тоҷик” дар назди дастгоҳҳои обкашии Маҳрам, дар паҳлуи деҳаи Санҷидзори  ҷамоати Лоҳутӣ дар канори шаҳри Конибодом ғарқ шуд. Ҷасади ӯро низ аз об берун кашида, ба дасти мақомот супурдаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай беш аз 120 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи онҳоро кӯдакон ва наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 160 нафар ғарқ шуда буд. Нисфи онҳоро низ кӯдакону наврасон ташкил медоданд.

Бино ба гузориши дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 4 августи соли 2024, як нозири минтақавӣ аз шуъбаи якуми милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба навбатдори Кумитаи занг зада, хабар додааст, ки сокини як манзил дар бинои №75/1 дар кӯчаи Маяковский чанд вақт боз аз худ дарак намедиҳад. Аз хонаи ӯ ягон садо шунида намешавад, ба зангҳо ва тақтақи дар низ аз дохил касе ҷавоб намедиҳад.

Дари хона баста буд. Вақте ки наҷотбахшон бо кумаки таҷҳизоти махсус дарро кушода, вориди хона шуданд, дар дохили хона ҷасади як марди 59-солаи бидуни аломати ҳаёт пайдо карданд. Ҷасадро ба дасти кормандони милитсия супурданд. Мақомот бояд акнун сабаби марги ин сокини кӯчаи Маяковскийро муайян кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button