ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ 9 КОРДФУРӮШ ВА МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КОРДУ ДИГАР СИЛОҲҲОИ САРД ДАР ДУШАНБЕ (7 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5 августи соли 2024 аз боздошти дастикам 9 тоҷири кордфурӯш ва мусодираи беш аз 300 адад корд ва дигар навъҳои силоҳи сард дар идомаи амалиёти вижа таҳти унвони шартии “Корд” дар пойтахт хабар дод. Гуфта мешавад, яке аз ин тоҷирони кордфурӯш дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, 3 нафар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 5 кордфурӯши дигар дар ноҳияи Сино ба даст афтодаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, санаи 4-уми августи соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти шартии “КОРД”, аз ҷониби кормандони ШВКД-1, яъне шуъбаи якуми милитсияи ноҳияи Шоҳмансур, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сиддиқов Солеҳ ба фурӯши кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда машғул аст.

Милитсия гуфт, “зимни санҷиш муайян гардид, ки чунин кордҳоро асосан наврасон харидорӣ мекунанд. Аз номбурда дар умум 38-адад корд мусодира карда шуд”.

Ҳамчунин дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии “Корд”, аз ҷониби кормандони ШВКД-2, яъне шуъбаи дуюми милитсияи ноҳияи Сино 5 ҳолати фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шуд.  Зимни санҷиш ошкор гардидааст, ки шаҳрвандон:

  1.  Шарипов Фаридун Раҷабалиевич, санаи таваллудаш 14.01.1990,
  2. Миров Алиназар Мустафоқулович, санаи таваллудаш 10.12.1983,
  3. Одинаев Нусратулло Исматуллоевич, санаи таваллудаш 19.05.1988,
  4. Сатторов Ҷамолиддин Ҷабборович, санаи таваллудаш 16.02.1975 ва
  5. Чилаев Самариддин Зафарович, санаи таваллудаш 20.08.2000 ба фурӯши кордҳои гуногунтамға машғуланд. Дар умум аз онҳо 173 дад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.

Ҳамин тавр, кормандони милитсияи ноҳияи И.Сомонӣ, дар доираи амалиёти шартии “Корд”, 3 ҳолати фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро муайян намуданд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрвандон

  1. Қошбоев Ҳотам Муҳаббатович, соли таваллудаш 06.09.1986,
  2. Нуралиев Мансур Мусоевич, соли таваллудаш 10.12.1972 ва
  3. Фозилов Баҳром Бароталиевич, соли таваллудаш 25.12.1983 ба фурӯши кордҳои гуногунтамға, ки ҳамчун силоҳи сард шинохта мешаванд машғуланд. Дар маҷмӯъ аз онҳо  беш аз 100 адад ашёи гуногуни халандаю бурранда дарёфту мусодира карда шуданд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт гуфт, нисбат ба ҳамаи кордфурӯшони боздоштшуда тибқи талаботи моддаи 492 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамаи онҳо ҷарима баста шуданд.

Қисми сеюми моддаи 492 ҳамчун ҷазо барои аз тарафи шаҳрвандон ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда, ҷарима ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 72 то 144 сомонӣ, ё аз 6,5 до 13 долларро бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ мекунад. 

Бисёриҳо чунин ҷазоро хеле сабук мешуморанд. Бахусус бо дарназардошти оқибатҳои вазнини ин тиҷорати хатарнок ва афзоиши ҳолатҳои истифодаи корд ва дигар навъҳои силоҳи сард дар ҷараёни муноқишаҳои гуруҳӣ бавижа дар байни наврасон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button