ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

3 АКС АЗ ҶОИ САДАМА ДАР БОХТАР: РОНАНДАИ “ОПЕЛ” ҲАЛОК ШУД, ДУХТАРУ НАБЕРААШ  – ДАР БЕМОРИСТОН…

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи барвақти 3 августи соли 2024, соати 05:30 дар натиҷа ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрдани “Опел” дар назди автовокзали шаҳри Бозтар дар ҷануби ҷумҳурӣ ронандаи мошини сабукрав дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири ин мошин – духтару набераи ронандаи ҳалокшуда – ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳарсе дар дохили мошини пачақшуда чунон сахт дармонда буданд, ки наҷотбахшон танҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус тавонистаанд мошинро бурида, ронандаи ҳалокшуда ва мусофирони захмиашро аз дохили мошин берун бикашанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи барвақти 3 августи соли 2024, соати 05:30 ба навбатдори раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар додаанд, ки дар назди автовокзали шаҳри Бохтар садама рух додааст ва ба кумаки наҷотбахшон зарурат доранд. Гуруҳи навбатдорони раёсати ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

Наҷотбахшон дар ҷои ҳодиса муайян карданд, ки мошини сабукрави тамғаи “Opel Vectra” ба далели номаълуме бо мошини боркаши тамғаи “Дулан” сарбасар задааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини сабукрав аз ҷароҳатҳот бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ду мусофири ин мошин, ки духтару набераи ронанда будаанд, дар дохили мошини пачақшуда дармондаанд.

Наҷотбахшон бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли оташ гирифтани мошин аввал аккумулятори онро ҷудо карда, сипас бо кумаки василаҳо ва таҷҳизоти махсус ҷасади ронанда ва мусофирони захмиро аз дохили мошин берун кашиданд ва маҷруҳонро ба дасти табибон супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин садамаи марговар бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз эҳтиёти тамоми кор гирифта, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳамчунин суръатро бидуни каму кост риоя кунанд.

ВКД Тоҷикистон ба дунбол бархе тафсилоти бештари садама дар шаҳри Бохтарро нашр кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, субҳи барвақти 3-юми августи соли 2024, тахминан соати 04:55, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Гулов Маҳмадшариф, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини боркаши тамғаи “Дулон”, таҳти идораи Сироҷев Шералӣ Асрорович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Опел” Гулов М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони ин мошин Гулова Авзалмо Маҳмадшарифовна, соли таваллудаш 1986 ва ноболиғ Мустафои Розиқзода, соли таваллудаш 2022, сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button