ВарзишВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ПИСАРИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН БО ЯК БОШГОҲИ ФУТБОЛИ ОЛМОН ҚАРОРДОД БАСТААСТ (ВИДЕО)

Маҳмудҷон Наҷмуддинов, фарзанди овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, орзуи падари худро ҷомаи амал пӯшонд ва футболбоз шуд.

Маҳмудҷон, ки дар Канада ба воя расида, қадамҳои аввалини худро дар майдони футбол дар ҳамин кишвари то чанд соли пеш на бо футбол, балки асосан бо хоккей машҳур гузоштааст моҳи июли соли 2024 ба як бошгоҳи футболи Олмон гузашт.

Писари Садриддини Наҷмиддин нахустин қарордоди худро ҳамчун футболбози касбӣ бо бошгоҳи начандон маъруфи “ФСВ Амерн” (“FSV Amern”) аз шаҳраки хурде дар ғарби Олмон имзо кард. “ФСВ Амерн” феълан дар дивизиони шашуми чемпионати Олмон дар гуруҳи якуми лигаи минтақавии Ниддерҳайм ҳунарнамоӣ мекунад.

Инстаграм- канали fussballprozess_agency (Агении равандҳои футбол), ки хабари ба “ФСВ Амерн” гузаштани футболбози ҷавону пуристеъдоди тоҷикро нашр кард, изҳори итминон кардааст, ки “Маҳмудҷон Наҷмуддинов ҳатман тамоми маҳорати худро дар майдони футболи касбӣ нишон хоҳад дод“.

Канали варзишии goaltj  низ хушбинона навиштааст, ки Маҳмудҷонро ояндаи дурахшоне дар пеш аст: Ӯ ҳанӯз хеле ҷавон аст ва ҳама чиз барояш дар пеш аст! Аз ҳама муҳим ин аст, ки ӯ азми футболбози касбӣ шудан дорад. Садриддин Наҷмиддин дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки дар кӯдакӣ орзу дошт, ки футболбоз шавад. Ҳоло фарзандаш ин орзуи падарро амалӣ мекунад!“

Дар воқеъ, Садриддини Наҷмиддин соли 2011 дар мусоҳиба бо хабаргузории варзишии “Варзиш-Спорт” нақл карда буд, ки дар кӯдакӣ орзу футболбоз шуданро дошт ва ҳатто дар дастаи кӯдакони бошгоҳи “Нури Нав“ бозӣ мекард, вале фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон боиси шуд, ки ин орзуи ӯ амалӣ нашавад.

Дар посух ба суоли журналист  – “Агар мусиқӣ набуд, кӣ мешудед?” – Садриддин чунин посух дода буд: “Орзу доштам, ки футболбоз шавам. Дар даврони Шӯравӣ дар ҳайъати дастаи кӯдакони бошгоҳи “Нури нав” бозӣ мекардам ва то синни 13 ба сексияи футбол мерафтам, вале баъд ҳаводиси солҳои 90 сар шуду ҳама ҳар тараф парешон шуд ва футбол низ аз зиндагии ман рафт. Баъди ин ман вақти бештари худро сарфи мусиқӣ кардам“.

Дар замон суҳбат Садриддини Наҷмиддин  нақл карда буд, ки писараш низ футболро зиёд дӯст медорад ва дар бошгоҳи БМВА (ЦСКА) дар Душанбе машқ мекунад. Ӯ  ҳамчунин гуфта буд, орзу дорад, ки писарашро барои омӯхтани футбол ба академияи бошгоҳи шуҳратёри Инглистон “Арсенал“ бифиристад.

Ӯ мухлиси ашаддии Криштиану Роналду аст.  Футболкаҳо бо акси Роналдуро гирд меорад ва ҳатто тарзи истоданаш низ мисли Роналду аст. Ҳатто мӯи сарашро низ мисли Роналду шонаву кӯтоҳ мекунад“, – нақл карда буд Садриддин дар бораи писараш Маҳмудҷон.

Садриддини Наҷмиддин  яке аз хушномтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Садриддин 19 январи соли 1980 дар Душанбе ба дунё омада, дар миёнаҳои солҳои 90 пой ба саҳнаи эстрада гузошт ва дар пайи пирӯзӣ дар як озмуни бахшида ба ёди овозхони шуҳратёри тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон маъруф шуд. Кароматуллоҳи Қурбон моҳи октябри соли 1992, дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, бо ҷамъи аъзои гуруҳи ҳунариаш дар ноҳияи Ёвон аз сӯи ҷангҷӯёни Фронти халқӣ ваҳшиёна кушта шуд.

Садриддини Наҷмиддин  худро парвардаи мактаби овозхонии Кароматуллоҳи Қурбон медонад ва нахустин қадамҳояшро дар саҳнаи эстрада бо бозхонии таронаҳои ин овозхони фақид ва таронаҳои дар сабки ӯ хондааш гузошт, вале хеле зуд роҳу равиши худро пайдо кард ва ҳоло худ як овозхони соҳибмактаб дониста мешавад.

Садриддини Наҷмиддин нахустин овозхони эстрадаи тоҷик буд, ки роҳи Амрикоро боз кард ва дар он сӯи уқёнус консертҳо гузоштаву клипҳо таҳия ва нашр кард. Садриддин инак чанд сол боз бо аҳли хонаводааш дар Канада зиндагӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button